Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти шиносномадорӣ дар шаҳри Истаравшан

IMIG 00123

Бо мақсади ба аҳоли фаҳмонидани қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти низоми шиносномадорӣ масъулини хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Истаравшан нақшаи мулоқоту вохӯриҳо тартиб дода аҳолиро аз сабукиҳои қонун ва меъёрҳои муқарраршуда огоҳ месозад. Хадамоти мазкур дар самти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1652 аз 18 декабри соли 2019 «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №207-7 аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои барориши соли 2014 нақшаи вохуриҳо бо аҳолиро тартиб дода дар ҷамоату шаҳракҳои ҳудуди шаҳр корҳои фаҳмонидадиҳӣ ва ташвиқотиро бо шаҳрвандон ба роҳ мондааст. Дар ҷараёни вохӯриву мулоқотҳо диққати иштирокчиён ба риояи низоми шиносномадорӣ, маълумотрасонӣ оиди қонунҳои амалкунанда дар самти шиносномадорӣ, алалхусус меъёрҳои сабукидиҳанда ҷалб карда мешавад. Чорабиниҳо характери иттилорасонӣ дошта барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нигаронида шудаанд.
Ҳафтаи гузашта ҳамингуна корҳои фаҳмондадиҳии кормандони масъули хадамот дар ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи баланд ва Гули Сурхи шаҳри Истаравшан баргузор гардид. Дар ҷамъомадҳо асосан шаҳрвандони ба муаммои шаҳрвандию шиноснома рӯ ба рӯ шуда, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бетабаа ва нафарони майли ба даст овардани шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта иштирок доштанд. Илова бар ин, фаъолони маҳал ва шахсони обрӯманд ба ҳамкорӣ ҷалб карда шуда буданд, ки оиди мавзуъҳои матраҳгардида дар минтақаҳо бо аҳолӣ корбарӣ намоянд. Аз иштирокчиёни чорабиниҳо даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти қонунигардонии буду бош бетараф набошанд. Ҳамчунин арзу пешниҳоди иштирокчиён шунида шуда ба онҳо маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуд.IMIG 00124
Масъулини таъкид медоранд, ки чунин корҳои фаҳмонидадиҳӣ аз рӯи нақша дар дигар ҷамоатҳои деҳот, аз ҷумла деҳаҳои дурдасти шаҳри Истаравшан низ гузаронида мешавад. Зеро маҳз огаҳи ёфтани шаҳрвандон аз талаботҳои қонун ва сандаҳои ҳуқуқӣ вобаста ба шиноснома раванди шиносномадориро ба танзим дароварда ҷараёни тадбиқи қонунро таъмин менамояд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика