Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду нафар дар пайи садамаи нақлиётӣ

ad71b03ec315a20e6e17b91ea8867c4a

23-юми июни соли 2022, тахминан соати 16:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Юсупов Каримҷон Изатуллоевич, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Бохтар-Данғара”, дар 45-ум км аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Сафарализода Муҳаммадҷон Ҳасан, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Вахш бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Опел-астра”: Воҳидов Ҳоҷибой Абдулфайзович, соли таваллудаш 2002, ноболиғ Мирзокаримова Нурбону Бобоҷоновна, соли таваллудаш 2011, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофирони дигари автомашинаи мазкур: Ҳурматов Исмоил Фатҳуллоевич, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Бохтар ва Бердиев Дилшод Хуҷаевич, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Данғара ва Субҳиддини Ғафор, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Темурмалик, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика