Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатиро сазовор истиқбол мегирем!

IMG 9429

Бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми вазорату идораҳо, муассисаву ташкилотҳо ва корхонаву иншооти шакли моликияту мансубияташон мухталифи шаҳру ноҳияҳои кишварамон корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома доранд. Ҳар як сокини мамлакат саъю кӯшиш менамояд, ки дар ин корҳои ободонӣ фаъолона иштирок намуда, дар шукуфоиӣ Ватани азизамон саҳми босазои хешро гузорад.

Дар робита ба ин, мутобиқи талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастури сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода, вобаста ба таҷлили ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ, инчунин ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободонӣ санаи 25 июни соли равон кормандони Дастгоҳи марказии Сарраёсат бо роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи сардори СХДО ВКД ва муовининонаш ба ҳашари дастаҷамъона баромаданд.
Зимни баргузории шанбегӣ кормандони ниҳод ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ба ҳамвор намудану бо бетон пӯшонидани қитъаҳои назди майдони варзишии волейбол, инчунин ба корҳои сохтмонӣ дар бинои навсохтмони назди бинои маъмурии Сарраёсат, тозакорию тамизкунии утоқҳои корӣ, тоза намудани гирду атрофи бино аз алафҳои бегонаву нарм намудани бехи дарахтону гулҳои гуногуни ороишӣ ва дигар корҳои тозаю озодагардонӣ машғул гардиданд.
Дар ин рӯз ҳамчунин дар дигар ҷузъу томҳои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ҳам кормандони хадамот ба ҳашари дастаҷамъона баромада, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ авҷи тоза бахшиданд.
Ин ҳама созандагию бунёдкориҳо аз татбиқи амалии ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон оид ба созандагию ободонӣ ва кабудизоргардонии кишвар аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳодат медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани корҳои ободониву созандагӣ ва сабзу хуррам гардонию тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, инчунин баҳри сазовор истиқболгирӣ ва таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи талаботи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитися Раҳимзода Рамазон Ҳамро, бо супориши сардори СХДО ВКД аз тарафи кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он дар баробари иҷрои вазифаҳои асосии самтми фаъолият, инчунин иштироки фаъолонаи онҳо дар корҳои созандагиву ободонии ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон ба чашм мерасад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистон бо таъриху фарҳанг, илму адаб ва меҳмоннавозиву инсондӯстиаш дар ҷаҳон шӯҳрат дорад. Кишвар бо минтақаву мавзеъ ва шаҳрҳои ободу зебо ва дилрабояш ҳазорон сайёҳу гардишгаронро доимо пазироӣ мекунад. Хурсандиовар аст, ки Тоҷикистони азизамон имрӯз дар худ симое наверо гирифта, рӯз то рӯз зеботару хуррамтар шуда истодааст ва он боиси ифтихору сарфарозии ҳар як сокини мамлакат гардида аст.
Бинобар ин, бояд ҳар яки мо барои боз ҳам зеботару ободтар гардонии Ватани азизу маҳбубамон, бо дарки масъулияти баланд, дар корҳои ободониву созандагӣ ва сабзу хуррам гардонию тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист саҳми арзандаи худро гузорем.
Ҳамин аст, ки ҳар як корманди Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар баробари пешбурди самти фаъолияти хизматӣ саъю кӯшиш ба харч медиҳад, ки дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободонию сабзу хуррамгардонӣ низ аз худ саҳми арзишманд гузорад.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика