Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати 2 нафар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef7423-юми январи соли 2021, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Сиело”, Табаров Самариддин Ғайратович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда, Маҳсиддинов Бобоҷон Зайниддинович, соли таваллудаш 1974, сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Валиева Нигина Асоевна, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанбе ва хурдсол Маҳсиддинов Юсуфҷон Бобоҷонович, соли таваллудаш 2016, сокини ноҳияи Фархор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, хурдсол Маҳсиддинов Ю.Б. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 24-уми январи соли 2021, тахминан соати 12:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Умаров Шермуҳамад Тангирқулович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи зикргардида аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Форланд», таҳти идораи ронанда, Ғоибов Тоҷиддин Мизробович, соли таваллудаш 1986, сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Абдураҳмонов Сайфуддин Куганович, соли таваллдуш 1960, сокини ноҳияи Вахш, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun012.

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика