Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо роҳи қаллобӣ ба даст овардани фоидаи муфт

008Нисбати марди 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст аз тарафи кормандони ШВКД-и ҳамин шаҳр парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони содир намудани ҷинояти қалобӣ оғоз карда шудааст.
Номбурда, 22-юми январи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 52-солаи сокини шаҳри Ҳуҷанд даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «Хонда СР»-ро ба маблағи 105 ҳазор сомонӣ нархгузори карда гирифта, 44 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 61 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 31-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии зани 52-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ба маблағи 34 ҳазору 290 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun012.

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика