Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани шахси қаблан судшуда бо ҷурми дуздӣ

046Ба ШВКД дар шаҳри Левакант бо аризаи ҷавони 23-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 6 ба 7-уми январи соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ бо мақсади ба даст овардани маблағҳои пардохтшуда, сенсори терминали пардохтиро шикаста, маблағи пулиро дуздида натавониста, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 8 ҳазору 438 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.
Ҳамзамон аз тарафи кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд нисбати марди 32-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Номбурда, аз 4-ум то 20-уми январи соли 2022, бо роҳи пинҳонӣ аз устохонаи «Мошинсарои Урал», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ки ба марди 44-солаи сокини ҳамин шаҳр тааллуқ дорад, таҷҳизоти барқиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 16 ҳазору 621 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ҳодисаҳои мазкур тафтишоти пешакӣ идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun012.

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика