Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Руҳбаландӣ аз дастгириҳои ҳамешагӣ

IMG 6834

- Роҳбарият ва аъзои Созмони собиқадорони ВКД аз аввалин рӯзҳои фаъолияти худ то ба имрӯз, баҳри иҷроиши саривақтии Амру Фармонҳои Президенти мамлакат, дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ ва вазифаҳои дар наздашон гузошташуда тамоми донишу малакаи касбии тӯли солҳо аз бар намудаашонро равона намуда, на танҳо дар тарбияву роҳбаладии кормандони ҷавон, балки баҳри посдории тартиботи ҷамъиятӣ, ошкору пешгирии қонуншиканӣ, оромиву осоиштагии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлату миллат ва волоияти қонун саҳми арзандаи худро мегузоранд, - иброз дошт раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Ҷӯрахонзода Саид Қаюм дар оғози ҷаласаи навбатии ин созмон, ки рӯзи 12-уми январ дар маҷлисгоҳи ВКД доир гардид.

Ҷаласаи васеъ баҳри натиҷагирӣ аз фаъолияти созмон ва шӯроҳои собиқадорони ВКД дар соли 2021 ва баррасии нақшаи чорабиниҳои он дар соли 2022 бо иштироки муовинони сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Маҳмадалӣ Мӯсозода ва подполковники милитсия Амрохон Раҳимзода, раис ва аъзои шӯрои созмони мазкур, раисони шӯроҳои собиқадорону муовинони сардорони ҷузъу томҳои ВКД оиди кор бо ҳайати шахсӣ аз РВКД дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва ШВКД-ҳо дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Маҳмадалӣ Мӯсозода ба собиқадорону ҳозирин дар Соли нави мелодии 2022 саломатӣ, хонаободӣ ва дар ҷодаи фаъолият пешравию комёбиҳо таманно намуд. Мавсуф зикр кард, ки роҳбарияти ВКД, бахусус Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро нисбати собиқадорону нафақахӯрони мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи хосса дошта, хизматҳои содиқонаву софдилонаи онҳоро қадр менамояд ва пайваста аз фаъолияти созмону шӯроҳои собиқадорон воқиф аст.
- Роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ аз саҳмгузории собиқадорон дар пешрафти фаъолияти мақомот, тарбияи кормандони ҷавон дар рӯҳияи Ватандориву хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ доштани ҳар як фарди ин сарзамин, нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ошкору пешгирии қонуншиканӣ сипосгузор аст, - афзуд баромадкунанда.
Дар идома раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Саид Ҷӯрахонзода оид ба як соли фаъолияти созмон ва шӯроҳои собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ суханронӣ намуд.
Мавсуф зикр кард, ки имрӯз созмон ва шӯроҳои собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ вазифаҳои дар наздашон гузошташударо сарбаландона иҷро намуда, дар тарбияи кадрҳои ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ, ҳамзамон ҷавонон бо баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо дар ҷузъу томҳо, дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ нақши арзанда доранд.
Саид Ҷӯрахонзода дар идома афзуд, ки имрӯз 14553 нафар собиқадорону нафақахӯрон дар қайди Созмони собиқадорони ВКД қарор доранд, ки аз ин теъдод 2439 нафарашон зиёда аз 25 сол дар мақомоти корҳои дохилӣ собиқаи корӣ доранд ва 8419 нафарашонро собиқадороне, ки аз 25 сол кам кор намудаанд, ташкил медиҳанд.
Ӯ, инчунин оид ба дастгириву ғамхориҳои ҳамаҷонибаи роҳбарияти олии мамлакат ва пайваста таҳти таваҷҷуҳ қарор доштану аз кумакҳои ҳамешагии роҳбарияти ВКД бархурдор будани собиқадорон, таъмину шароити корӣ муҳайё намудан ба шӯрову ташкилотҳои ҷамъиятии собиқадорон аз ҷониби роҳбарияти ВКД дар раёсату шуъбаҳо ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, расонидани кумакҳо ба маъюбону оилаҳои бесаробонмондаи кормандони милитсия ва вохӯриҳо бо ҳайати
шахсӣ дар ҷузъу томҳо суханронӣ намуд.
Дар идомаи чорабинӣ раисони шӯроҳои собиқадорони РВКД дар шаҳри Душанбе полковники мустаъфии милитсия Раҳматшо Неъматов, раиси Шӯрои собиқадорони РВКД дар вилояти Хатлон полковники мустаъфии милитсия Валиҷон Табаров ва як қатор раисони шӯроҳои собиқадорони ШВКД-ҳо оид ба фаъолияти пурсамару дастовардҳо баромадҳо намуданд.
Дар қисмати хотимавии ҷаласа нақшаи чорабиниҳо дар соли 2022 вобаста ба самти фаъолияти Созмони собиқадорон аз ҷониби аъзои созмон ва раисони шӯроҳои собиқадорон якдилона қабул гардида, бори дигар раиси Созмони собиқадорони ВКД ба ҳозирин барои хизматҳои содиқонаашон дар пешбурди фаъолият ва иштирокашон дар ин ҷамъомад изҳори миннатдорӣ намуд.IMG 6803

 

Раҷаббек ИЛЁСОВ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun771

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика