Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 37-сола бо ҷурми дуздии терминалҳои пардохтӣ

046

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2021 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар дохили қаҳвахона аз ҷейбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон Х”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини пойтахт дастгир карда шуд, ки номбурда, моҳи январи соли 2021 бо роҳи пинҳонӣ аз терминалҳои пардохтии ширкати «Пайванд гурӯҳ», воқеъ дар кӯчаҳои С.Осиё, С.Носир, М.Турсунзода, хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Меҳнат ва дохили бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бо истифода аз калид онҳоро кушода, аз дохилаш маблағҳои пулиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, ки зарари расонидашуда 240 ҳазору 980 сомониро таркил медиҳад

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика