Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳои зиддисӯхторӣ дар пойтахт

16

Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он баҳри таъмини вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар ҷойҳои оммавӣ, бахусус, дар марказҳои дилхушӣ, тарабхонаву қаҳвахонаҳо ва дигар нуқтаҳои хӯроки умумӣ, ки аксаран барои тайёр намудани хӯрокҳои гуногун аз асбобҳои гармидиҳандаи барқиву газӣ ва оташдонҳо фаровон истифода мебаранд, корҳои профилактикӣ-оташнишониро васеъ ба роҳ монда, ҷиҳати рафъи камбудиҳои зиддисӯхторӣ дар онҳо чораю тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.
Зимни баргузории чорабинии зиддисӯхторӣ аз тарафи кормандони соҳа ба ҳолати коршоямии лавозимоти аввалиндараҷаи оташнишонӣ, системаи автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда, сипару хатҳои интиқоли қувваи барқ, нигоҳдории зарфҳои гази моеъ, истифодаи оқилонаи асбобу таҷҳизотҳои барқӣ ва муносибати эҳтиёткорона намудан бо дигар манбаҳои гармидиҳӣ, озод нигоҳ дошташудани роҳҳои таҳлияи одамон, инчунин ба сатҳи дониши кормандон вобаста ба амали онҳо дар вақти рух додани ҳодисаи сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулодда диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд.
Тавре санҷиш нишон дод, новобаста ба таъкидҳои доимӣ ва чораю тадбирҳои андешидашавандаи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ҳанӯз ҳам баъзе аз соҳибкорони иншооти номбурда, дидаву дониста ба оддитарин талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва истифодаи оқилонаю сарфакоронаи қувваи барқ диққати ҷиддӣ зоҳир намекунанд. Аз ҷумла, дар Маркази дилхушии «Абрикол» хатҳои интиқоли қувваи барқ дар аксар қитъаҳо бар хилофи талаботи қоидаҳои бехатарӣ васлу насб карда шуда, аз фурӯзонакҳои тафсон фаровон истифода бурда мешавад. Дар қаҳвахонаи «Аида» низ ҳолатҳои риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва тартиби нодурусти нигоҳдории зарфи гази моеъ ошкор карда шуд, ки чунин беэътиноии соҳибкорон ҳар лаҳза метавонад ҳодисаҳои сӯхторро сабаб гардида, боиси хисороти зиёди молӣ ва ба таҳлуқа овардани одамон гардад.
Бинобар ин, аз тарафи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо шахсони мутасаддӣ ва дигар кормандони ҳамаи иншооти номбурда, оид ба истифодабарии лавозимоти аввалиндараҷаи оташнишонӣ, тартиби дурусти даъвати хадамоти таъҷилӣ, ташкили таҳлияи муташаккилонаи одамон дар вақти сӯхтор ва дигар мавзӯъҳои барои пешгирию рафъи ҳодисаҳои сӯхтор муҳим корҳои омӯзишӣ-фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Инчунин ҷиҳати тибқи меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҷойгир намудану ороиш дода шудани арчаи солинавӣ ба роҳбарону масъулони онҳо дастуру тавсияҳои зарурӣ доданд.
Кор дар ин самт аз тарафи кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он идома дорад.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ

 

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun012.

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика