Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ дар Коллеҷи милитсия

222222

24-уми ноябри соли равон дар МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб) чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи парчами давлатӣ» миёни афсарон ва курсантону рекрутони Муассиса гузаронида шуд. Чорабинии мазкуро сардори МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Умари Хайём Амиршо кушода эълон намуд.
Зимни суханрониаш мавсуф иброз намуд ки: “Парчами давлатии Тоҷикистон, рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумуи ҳаматарафа ва соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, нишонаҳои соҳибихтиёрии давлат ба шумор меравад.
Воқеан, парчам дар фаъолиияти давлатдорӣ, аз ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои баналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши ба худ хосро доро мебошад. Дар парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёгон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кушиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ба қавли Фирдавсии бузург “ниёгони мо нахустин тоҷдорони даҳр” барҳақ хусравони тоҷдори олам буданд, ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ буданд”.
Дар қисмати баъдии чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ - фароғатӣ, қироати шеър дар васфи Парчам, суруду таронаҳои дилнишин барои аҳли нишаст хотирмон буд. Бо сухани хотимавӣ сардори МДТ Коллеҷи милитсия, н.и.ҳ., полковники милитсия Умари Хайём Амиршо чорабиниро ҳусни анҷом бахшида, ба меҳмонон барои иштирок ва баромадашон изҳори миннатдорӣ намуд.
Ибрагимов Б.М., Саидшоҳи С.

 

 




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun5

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика