Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар РВКД ВМКБ

IMG 20211124_111533

 Дар толори РВКД дар ВМКБ бахшида ба ҷашни «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», хайати шахсии РВКД ва ҷузъу томҳои он дар ВМКБ, устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев ва толибилмони Муассисаи давлатии таълимии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинии тантанавӣ аз омодабошии ҳайати шахсӣ ва ворид намудани Парчами давлатӣ ба толор ва Садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ генерал-майори милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод иштирокдорони чорабиниро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро самимона табрику таҳният намуд. Қайд гардид, ки Парчами давлатӣ нишона аз таърихи чандин ҳазорсолаи халқи бузургамон буда, мардуми ин сарзамин дар ҳар давраи таърихӣ маҳз зери Парчами худ ба ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту шукуфоӣ расидаанд.
Парчами нави Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, 24-уми ноябри соли 1992 тасдиқ гардид. Парчами миллии мо дар созмону ташкилотҳои байналмилалӣ насб гардидааст ва далели соҳибистиқлолии давлати тоҷикон буда, аз узви комилҳуқуқ будани кишвари мо дар арсаи ҷаҳон дарак медиҳад.
Бо ёдоварӣ аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки «Парчами давлатӣ, имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободонии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориёнитаборамон бо тобиши cе ранг – ранги сурх - озодию истиқлол, ранги сафед - сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободию хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад».

IMG 20211124_112005
Имрӯз Парчами давлатӣ дар маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо баланди 165 метр қомат афрохта, дар маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ низ зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рамзи асосии давлат барафрохта шуд. Ин иқдом нишона аз ҳифзи мукаддасоти миллӣ ва дӯст доштани заҳматҳои чандинсолаи аҷдодӣ дар самти ба даст овардани истиқлолияту озодӣ шаҳодат медиҳад.
Раиси бахши Бадахшонии Иттифоки нависандагон, устоди ДДХ Лаълҷубаи Мирзоҳасан, барои иштирокдорон аз хусуси таърихи парчамдории халқи ориёинажод, ки бар асари чандин муборизаҳо аз замони ҳукмронии чандин сулолаҳо, ки нагузоштанд аз парчам, ҳамчун номуси хеш маҳрум гарданд, суханронӣ кард.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДДХ, номзади илмҳои фалсафа Қурбонназар Тауров номаи табрикотии ректори ДДХ Гулзорхон Юсуфзордаро унвони сардори РВКД ба ҳайати шахсии макомоти корхои дохилии вилоят ба ифтихори гиромидошти Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонид. Мавсуф маърӯзаро бобати Парчам ҳамчун ифодагари фалсафа ва ваҳдату истиқлолият ба самъи ҳозирин расонида, қайд намуд, ки Парчам пояи ифтихор, иттиҳоду сарҷамъӣ, нишонаи ҳуввият ва иродаи устувори халқу миллати соҳибтамаддуни тоҷик ба шумор меравад.
Муаллими калони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Абдулсаид Лутфишоев аз хусуси «Эҳтироми Парчами давлатӣ, ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ», баромад намуда қайд кард, ки ҳайати шахсии милитсияи дар ВМКБ буда, бо дастовардҳои назаррас ва омодагии хуб дар таъмини волоияти қонун солгарди қабули «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо ҳисси баланди ифтихор аз соҳибдавлатии кишвар ҷашн мегиранд. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ба он гузошт, ки миллати тоҷик дар раванди соҳибистиқлолии хеш арзишҳои миллию давлатдории худро комилан ба даст овард.
Дар рафти чорабинӣ кормандони РВКД бобати манзалати сиёсиву таърихии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури иштирокдорони чорабинӣ аз ашъори адибони тоҷик дар васфи ин ливои муқаддас барои халқу миллат мавзӯъҳои пурмуҳтаво ироа намуда, шеърҳои баландмазмунро, ки ба волоияти Парчами давлати бахшида шудаанд, қироат намуданд. Толибилмони Муассисаи давлатии таълимии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ барои аҳли толор иқтибос аз баромадҳои бузургон сухан пешниҳод намуданд, ки саршор аз эҳтирому арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти меҳан бахшида шуданд, манзур намуданд.
Далер Чоршанбе

 




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun5

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика