Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вусъати тадбирҳои зиддисӯхторӣ дар фасли сармо

IMG 7806Тибқи талаботи Вазорати корҳои дохилӣ баҳри дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор дар фасли сармо, гурӯҳҳои корӣ бо ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи Сарраёсат ва нозирону муҳандисони ҷузъу томҳои хадамот таъсис дода шуда, корҳои профилактикӣ-оташнишонӣ ва фаҳмондадиҳӣ омӯзишӣ аз ҷониби онҳо дар вазорату кумитаҳо, муассисаву ташкилот, корхонаву иншооти мухталифи шакли моликияту мансубияташон гуногун ва маҳаллаҳои аҳолинишину манзилҳои истиқоматии ҳудуди пойтахт ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.

Аз ҷумла, чунин чорабиниҳои мақсадноки зиддисӯхторӣ бо роҳбарии сармутахассиси Шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори Сарраёсат подполковники хизмати дохилӣ Хуршед Шарифзода дар муассисаҳои давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, мансуб ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он 243 нафар хонандагони имкониятҳояшон маҳдуд (маъюбон) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршуда»-и ноҳияи Рӯдакӣ, мансуб ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои 216 нафар хонандагон мебошад ва дар «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо»-и ноҳияи Варзоб, мансуб ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он айни замон 30 нафар кӯдакони маъюб ба табобат фаро гирифта шудааст, ташкил ва гузаронида шуданд.IMG 7810
Зимни баргузории чорабиниҳои зиддисӯхторӣ аз тарафи кормандони соҳа ба ҳолати коршоямии лавозимоти аввалиндараҷаи оташнишонӣ, системаи автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда, ҳавзу гидрантҳо ва ҷумакҳои дохилии оташнишонӣ, сипару хатҳои интиқоли қувваи барқ, манбаҳои гармидиҳӣ ва истифодаи оқилонаи асбобу таҷҳизотҳои барқиву газӣ, озод нигоҳ дошташудани роҳҳои ҳаракати нақлиёти оташнишонӣ ва таҳлиявӣ, риояи меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ дар хобгоҳҳо ва биноҳои таълимию маъмурӣ, инчунин ба сатҳи дониши мутасаддиёну кормандони муассисаҳо вобаста ба амали онҳо дар вақти рух додани ҳодисаи сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулодда диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд.
Ҳамчунин бо масъулону мураббияҳо ва дигар кормандони муассисаҳо оид ба истифодабарии лавозимоти аввалиндараҷаи оташнишонӣ, тартиби дурусти даъвати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ташкили таҳлияи муташаккилонаи одамон аз бинои оташгирифта ва дигар мавзӯъҳои барои пешгирию рафъи ҳодисаҳои сӯхтор зарурӣ машғулиятҳои назариявию амалӣ баргузор карда шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки чунин чорабиниҳои пешгирикунандаи зиддисӯхторӣ аз тарафи гурӯҳҳои кории Саррёсат ва ҷузъу томҳои он дар тамоми муассисаву иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ташкилот, корхонаву иншооти мухталифи шакли моликияту мансубияташон гуногун ва маҳаллаҳои аҳолинишину манзилҳои истиқоматии ҳудуди пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуданд.
Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо қабл аз ҳама пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва маҳдуд сохтани оқибати он, муайян намудани сатҳи омодагии дружинаҳои идоравии оташнишонӣ ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозии сӯхтору дигар ҳодисаҳои нохуш, инчунин расонидани ёрии амалии кормандони соҳа ба масъулону мутасаддиён дар бартарафсозии камбудию норасоиҳои ҷойдошта мебошад,
Дар интиҳои чорабиниҳои мақсаднок аз ҷониби сарварони муассисаву иншоотҳо ва раисони Шӯрои маҳаллаҳову шаҳрвандон ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ барои ташкил ва гузаронидани чунин корҳои омӯзишӣ-фаҳмондадиҳии муҳиму саривақтии зиддисӯхторӣ изҳори сипоси самимӣ карда шуд.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun5

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика