Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар РВКД вилояти Хатлон

0-02-04-8d34fbf6119f391aec00f0c959b29471766f9e5b4562e981d1c5b3298e159973 12fdcc9dcf75a56b

Рӯзи 24 ноябри соли 2021 дар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон маросими таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати шахсӣ, меҳмонон, собиқадорон ва ҷавонони фаъол баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини сардори Раёсати мазкур подполковники милитсия Таҷалӣ Диловар бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозиринро бо ин ҷашни хотирмон табрику таҳният кард. Зимни суханронии худ мавсуф парчамро ҳамчун рамзи соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва ифодаи ҳисси садоқат ба Ватан арзёбӣ намуда, қайд кард, ки парчам яке аз муқаддасоти миллӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сазоворро ноил гаштааст.
Шоири маъруф Амиршои Хатлонӣ дар маърӯзаи худ оид ба таърихи Парчам, ки садсолаҳоро дар бар дорад, суханронӣ намуда, иброз дошт, ки парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад.
Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст. Ливои миллат қувваи сафарбаркунанда ва муттаҳидкунанда дошта, мардуми сарзаминро ба хотири амалӣ намудани мақсаду мароми некбинона даъват мекунад. Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам масъулияти шаҳрвандӣ ва мояи ифтихори ҳар як фарди бедордили ҷомеа ба ҳисоб меравад. Зеро парчам ҳамчун ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдору бегазанд нигоҳ доштани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.
Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса ва ифтихор аз ватану ватандорӣ анҷом ёфт.

0-02-04-090f32b68a7bc0e6a3a95659ca6db8cabb50c5e4206a9ef6f284519bebee8905 c19b80e6ac7560e1

0-02-04-8fcb88b0b003fad17f939e244f653832986d819e04a1bcfb6be54647f01070cb 1baf8fd993a61cc6
Офоқ Қодириён




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun5

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика