Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳри Роғун

1

Ҳафтаи равон дар қасри Фарҳанги шаҳри Роғун вохӯрӣ бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри мазкур бо иштироки муовини Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД полковники милисия Пирмадзода Бердӣ Давлат ва муовини раиси шаҳри Роғун Мусозода Парвина доир гардид.

Муовини сардори Раёсати мазкур, зимни баромад қайд намуд, ки ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти сокинони кишвар, риояи қонуният ва мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ бе иштироки шаҳрвандон ва бахусус ҷавонону наврасон ғайриимкон аст. Такя намудан ба кумаки ин қишри ҷомеа яке аз шартҳои муҳим ва самараноки мақомоти хифзи ҳуқуқ оид ба огоҳонидан ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти таҷрибаи беҳтарин ва пешқадам Вазорати корҳои дохилӣ низ ин иқдомро пеша карда, дар якҷоягӣ бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бо аҳли ҷамоатчигӣ суботу оромии ҷамъиятро таъмин менамояд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки саҳми ҷавонону наврасони кишвар дар пешбурди ҳаёти сиёсӣ, илмию фарҳангӣ ва мадании кишвар назаррас буда, онҳо бо донишу ҳунари худ имрӯз мавқеи намоёнро сазовор гардидаанд.
Дар рафти ин чорабинӣ хонандагон низ суханронӣ карда, қайд намуданд, ки барои таъмини тартиботи ҷаъмиятӣ ҳамавақт омода ҳастанд ва ҷиҳати тинҷиву оромии кишвар пайваста дар бари кормандони милитсия мебошанд.
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Роғун, дар навбати худ ба роҳбарияти ВКД барои чунин як чорабинии судманд изҳори сипос намуданд.
Дилшод Холов,
Абдулло Шоҳиён




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun5

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика