Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Собиқадорон ҳидоятгари кормандони ҷавонанд!

IMG 2883

- Дар ҷумҳурӣ 14 ҳазору 445 нафар собиқадорону нафақахӯрони мақомоти корҳои дохилӣ мебошанд. Аз ҷумла, 397 нафар дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ менамоянд, ки аз инҳо 68 нафарашон собиқадороне мебошанд, ки зиёда аз 25 сол дар сафҳои милитсияи тоҷик кору фаъолият намудаанд. Инҳо нафароне мебошанд, ки аксар давлати пирӣ меронанд ва дар ин минтақа ё дигар шаҳру навоҳии мамлакат хизмат намуда, имрӯзҳо истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат мебошанд, - гуфт раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Ҷӯрахонзода Саид Қаюм зимни ҷаласае, ки дар Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат доир гашт. Дар он собиқадорон, роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбаи мазкур иштирок намуданд.

Сардори Шуъбаи милитсияи шаҳри Ваҳдат полковники милитсия Шомадзода Фирдавс Маҳмад аз ташрифи собиқадорон ва ҳамкории густурдаи онҳо бо насли ҷавон истиқбол намуда, изҳори боварӣ намуд, ки чунин мулоқоту суҳбатҳо дар оянда низ тақвият дода мешаванд. Зеро таҷрибаи собиқадорон барои кормандони ҷавон ва пешбурди фаъолияти онҳо, инчунин ба даст овардани натиҷаҳои назарраси хизматӣ хеле зарур аст. Собиқадоронро доимо қадр бояд кард, чунки саҳми собиқадорон пеш аз ҳама, дар тарбияи кормандони ҷавони ВКД, ошкору пешгирии ҷиноятҳо, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ низ дида мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки мақсади мо, кормандони ВКД ва тамоми собиқадорони ин сохтор таъмини оромию осоиштагӣ ва муҳофизати оромию осоиштагӣ мебошад.
Раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Саид Ҷӯрахонзода аз дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати кишвар ва таваҷҷӯҳу кумакҳои пайвастаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро нисбати собиқадорон ёдовар шуда, ҳадаф аз доирсозии вохӯриро амалисозии нақшаи чорабиниҳои созмон бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ муаррифӣ намуд. Ба андешаи мавсуф, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша баҳри оромиву осоиштагии мардум, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкору пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ саҳми босазо мегузоранд.
- Дар паради ҳарбӣ ва тантанаҳои Истиқлол нақши кормандони милитсия баръало ба мушоҳида мерасид, ки ин ҳама аз хизматбарии дурусти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ гувоҳи медиҳад, - гуфт С. Ҷурахонзода ва илова намуд: Собиқадорони милитсияи тоҷик дар тӯли фаъолияти босамари худ дар гирдоби муборизаҳои сиёсӣ, задухӯрдҳову безарар гардонидани гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба камол расида, шабу рӯз дар таъмини осоиштагиву амният буда, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ҷасорату шуҷоат, азму иродаи қавӣ ва далерию мардонагии худ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ намунаи ибрат ва сабақи зиндагӣ мебошанд.
Агар ба фаъолияти пурмаҳсули милитсияи тоҷик, бахусус собиқадорони ин ниҳод нек нигарем, онҳо ба синну соли хеш нигоҳ накарда, ҳоло ҳам ба наслҳои имрӯзаи милитсияи ҷавон дарси матонат меомӯзанд, бо ибрати шахсии худ, бо панду насиҳатҳои худ дар кори тарбияю камолоти наслҳои ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолона саҳмгузоранд.
Маҳз кӯшишу заҳмат, ақлу фаросат, донишу таҷриба ва дилсӯзиву ҷонбозиҳои насли калонсоли ин ниҳодро, имрӯз кормандони ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун шиору калиди муваффақиятҳо мешуморанд, зеро ҳар як амалу пайкори неку содиқ ба касбу савганди онҳоро меомӯзанду аз бар менамоянд.
Номбурда аз бахши кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД хоҳиш намуд, ки бо собиқадорону нафақахӯрон ҳамкорӣ намуда, аз таҷрибаи бойи онҳо истифода намоянд.
Дар охир бо фармони ВКД ба якчанд собиқадорону нафақахӯрони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат туҳфаҳои хотиравӣ, соати дастӣ ва Сипосномаи собиқадорон тақдим гардид.

Раҷаббек ИЛЁСОВ,
Наврӯз ҶОБИРОВ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun5

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика