Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани 3 ҳодисаи нақлиётӣ бо оқибатҳои нохуш

029

Рӯзи 16-уми октябри соли 2021, тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Элантра», Тоҷиев Матлуб Кобилҷонович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда, Ваҳҳобов Бобурҷон Ҷаҳонгирович, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти Зарҳалол, ки ба самти роҳи иловагӣ тарафи чапи роҳ гардиш мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи “Хундай-Элантра”, Холиқов Расул Рабимович, соли таваллудаш 1996 ва Ашуров Парвиз Хақбердиевич, соли таваллудаш 1998, сокинони шаҳри Панҷакент аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштаашон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Элантра», Тоҷиев М.К. ва дигар мусофираш, Усмонов Сомоншоҳ Ҷовидович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Панҷакент, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Инчунин, 16-уми октябри соли 2021, тахминан соати 16:40-дақиқа, ронандаи автомашнаи тамғаи «Москвич-412», Шарипов Ибрагим, соли таваллудаш 1953, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Конибодом-Деҳмой-Ғафуров», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварз бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба ядаки автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2107», таҳти идораи ронанда, Зоидов Махсудҷон Муродҷонович, соли таваллудаш 2001, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварз, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автоашинаи тамғаи «Москвич-412», Абдуллоева Саодат Қаюмовна, соли таваллудаш 1956, сокини ҷамоати деҳоти Хистеварз, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи автомашинаи тамғаи «Москвич-412», Шарипов И. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Мутаассифона, рӯзи 17-уми октябри соли 2021, тахминан соати 15:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ҳалимов Ҳотамҷон Одинахоҷаевич, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Чонбахти ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Шокиров Зафар Латифович, соли таваллудаш 2010, сокини ҷамоати деҳоти Пошкентро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Шокиров З.Л. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun5

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика