Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати 3 нафар дар 3 ҳодисаи нақлиётии марговар

03

14-уми октябри соли 2021, тахминан соати 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хендай соната”, Исмоилов Ибрагим Усмонович, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Камонгарон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба пояи бетонии нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Соро” бархӯрда, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофираш Раупова Мукарама Исмоиловна, соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур Файзиева Ҷамила Исмоиловна, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
14-уми октябри соли 2021, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Камаз”, Асоев Айниддин Сафарович, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Фархор, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ватани ҳамин ноҳия, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ Ғазалзода Меҳроб, соли таваллудаш 2011, сокини ноҳияи мазкурро, ки дар болои купруки деҳа савори дучарха буд, пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Ғазалзода М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
15-уми октябри соли 2021, тахминан соати 16:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Баётов Шерзод Мамадзикриёевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғаллаобод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Давлатова Дурахшон Баҳриддиновна, соли таваллудаш 2013, сокини деҳаи Даҳанаи ноҳияи Хуросонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Давлатова Д.Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun5

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика