Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

029

Рӯзи 12-уми октябри соли 2021, тахминан соати 14:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Валиев Нозимҷон Сайдамирович, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Навобод ба самти шаҳраки Ғарм дар кӯчаи Э.Муҳиддини ҳамин ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард, Эшонова Садбаргул Ҳамзаалиевна, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳраки Ғармро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Эшонова С.Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 11-уми октябри соли 2021, тахминан соати 20:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Саидов Муродалӣ Тоҷидинович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб дар 95-км, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар канори чапи роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда, Саидов М.Т. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дохили автомашинаи мазкур Саидова Тоҷинисо Сафаровна, соли таваллудаш 1973, Саидова Нозанин Тоҷидиновна, соли таваллудаш 1999 ва ноболиғ Далери Тоҷиддин, соли таваллудаш 2005, истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мутаассифона, рӯзи 11-уми октябри соли 2021, тахминан соати, 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-200”, Нишонов Шерзод Зоирҷонович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҷалолов Зайниддин Ҷалолович, соли таваллудаш 1984-ро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Ҷалолов З.Ҷ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика