Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати 2 мусофир дар ҳодисаи нақлиётӣ

8-уми октябри соли 2021, тахминан соати 15:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри”, Зарипов Парвиз Сангимуродович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Варзоб, қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи мазкур: Саидов Абдуназар Шералиевич, соли таваллудаш 1956, Муъминова Олисамоҳ Меҳрубоновна, соли таваллудаш 1999, Норов Раҷабмурод Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1984, Қодиров Шаҳзод Маҳмадаминович, соли таваллудаш 1998, сокинони ноҳияи Варзоб, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Мутаассифона, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ мусофирон Саидов А.Ш. ва Муъминова О.М. ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика