Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ доир ба ислоҳоти милитсия дар шаҳри Бохтар

1513

Рӯзи 14-уми сентябри соли 2021 бо иштироки омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор кормандони милитсия ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи "Ҳамкории милитсия бо ҷомеа" баргузор гардид.
Ҳадаф аз ин семинари омӯзишӣ ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, омӯхтани роҳҳои дурусти ҳамкории милитсия бо ҷомеа, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад.
Сухани ифтитоҳиро Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам оғоз намуда, иброз дошт, ки ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳли ҷомеа, бовариву эътимоди мардум дар раванди пешгирӣ намудани ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳодисаю ҷиноятҳо муҳим буда, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри боз ҳам тақвият бахшидани кор дар ин самт таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Ҳамзамон мавсуф қайд намуд, ки бо саъю кӯшиши кормандони милитсия ва ҳамкории зич бо аҳолӣ метавон пеши роҳи садҳо ҳуқуқвайронкуниву ҷиноятҳоро гирифта, фазои сулҳу амнияти кишварро поянда нигаҳ дошт.
Сипас, ёрдамчии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия майори милитсия Шарифзода Хушбахт дар мавзӯъҳои «Нишондиҳандаҳои фаъолияти самараноки милитсия», «Муошират, шакл ва зебоипарастӣ», баромад намуда, ҷиҳати риояи ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ, муносибату муоширати хуб бо мардум ва робитаи зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори андеша намуд.
Сардори шуъбаи илми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода Амиршо Мансур ва инчунин коршиноси миллӣ оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа Сайфуддинов Азимҷон мавзӯъҳои дахлдори омӯзишӣ «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон», «Робитаи мутақобила», « Мафҳум, моҳият ва принсипҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа» ва «Муайян намудани мушкилот ва роҳҳои ҳалли он дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ»-ро баррасӣ намуданд.

151415151516

Аз ҷониби ширкаткунандагон чунин семинари омӯзишии судманд, ки ки яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳот ин тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа мебошад ва ба хотири сарҷамъии мардум, ваҳдату ягонагӣ ва таъмини амнияту оромӣ доир мегардад, хуш пазируфта шуд.
Семинари омӯзишӣ давоми ду рӯз, санаҳои 14-15-уми сентябри соли 2021 идома ёфта, дар он мавзӯъҳои марбут ба самтҳои асосии ҳамкории милитсия бо ҷомеа баррасӣ карда мешаванд.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика