Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаҳои нақлиётии марговар

Рӯзи 11-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 20:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Сиело», Раҳимов Иброҳим Убайдуллоевич, соли таваллудаш 1963, сокини ҷамоати деҳоти А.Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Ҳисор, дар ҳудуди деҳаи Сурхакчашмаи шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба монеаи (бардюр)-и канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, Раҳимова Раҷабгул Самиевна, соли таваллудаш 1964, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин рӯзи 11-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 14:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Дэу-Лабо», Абдуҷалилов Беҳрӯз Абдуҳакимович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди дар ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон қоидаҳои ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда, Тураев Зокир Ботирович, соли таваллудаш 1963, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кушониён бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Тураев З.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст. Мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Собиров Валиҷон Бегиҷонович, соли таваллудаш 1970, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кушониён, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика