Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ду ҷинояти куштор дар заминаи истифодаи машрубот

1500

Боиси таассуф аст, ки аз меъёр зиёд истифода намудани нӯшокихои спиртӣ ва ҳолати як лаҳзаи хашму ғазаб боиси содир намудани ҷиноятҳо, аз қабили одамкушӣ мегардад.
Шаби 30 ба 31 июли соли равон, дар канори ҷӯйбори обгузари деҳаи Истиқлол, ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун, ҷасади марди 42-сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.
Зимни ташхис ва азназаргузаронии ҷасад шахсияти ин нафар муайян карда шуд, ки Додарҷонов Аъзамҷон, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Ҷайҳун мебошад.
Аз ҷониби кормандони оперативии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун дар як муддати кӯтоҳ гумонбари ҷиноят дастгир карда шуд.
Искандаров Додарҷон, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи мазкур дар вақти пурсиш иқрор гашт, ки ҷиноятро баъди истеъмол намудани машрубот дар ҳолати мастӣ ва муноқишаи байни ӯ ва марҳум Додарҷонов А. ба миён омада, содир намудааст.
Дар баробари содир намудани ҷинояти махсусан вазнини одамкушӣ, гумонбаршуда аз ҷайби марҳум 350 сомониашро тасарруф намуда, ҷои ҳодисаро тарк менамояд.
Ба ин монанд рӯзи 30 июли соли равон кормандони ШВКД дар ноҳияи Хуросон, як ҷинояти дигари одамкуширо ошкор намуданд.
Дар деҳаи Навзамин, ҷамоати деҳоти С. Айнӣ, ноҳияи Хуросон чанд нафар аз сокинон, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекарданд, ба хотири оби полезии заминҳои наздиҳавлигиашон байнашон муноқиша сар мезанад.
Холматов Муродалӣ, соли таваллудаш 1972, дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматии шаҳрванд Эргашев Раҳимҷон, соли таваллудаш 1996 омада, дашному ҳакоратҳои қабеҳ менамояд, ки дар натиҷа байнашон муноқиша сар зада, якдигарро мавриди лату кӯб қарор медиҳанд.
Холати мазкурро хабардор шуда Эргашев Маҳмадраҷаб, соли таваллудаш 1998, бародари Эргашев Раҳимҷон ва чанд нафар аз хешу таборони ин ду нафар ба ҷангу ҷанҷол ва латукӯби ҳамдигар ҳамроҳ мегарданд.
Эргашев Маҳмадраҷаб дар пайи латукӯби ҳамдигар Холматов Уроздавлатро аз пой меафтонад, ки охирон ба замин афтода, бо гирифтани ҷароҳатҳои вазнин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

150115021503

Тибқи санади ташхиси судӣ-тиббӣ сабаби марги Холматов У. шикастани устухони фононшакли косахонаи сар ва хунрезии дохили майнаи сар гардидааст.
Аз рӯи ин ду ҳодиса дар Прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун ва Прокуратураи ноҳияи Хуросон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика