Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саломатӣ боигарии асосии инсон аст

1495

Саломатӣ боигарии асосии инсон буда, некӯаҳволии шахсӣ, оилавӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад.
Инсонҳо бояд ба саломатии худ бетараф набуда, ба он таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа дошта бошанд.
Дар вазъияти имрӯза, ки дар тамоми ҷаҳон бемории сироятии коронавирус доман паҳн кардааст, тамоми мардуми сайёраро ба таҳлука афкандаву сирояташ марговар ва ҳалокатбор аст.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони милитсия аз эмгузаронӣ (ваксина) гузаштанд, инчунин вобаста ба пешгирии бемории коронавирус кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо сокинон вохӯрда, корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳанд.
Дар гурӯҳҳо кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, инчунин кормандони ШБДА дар шаҳру ноҳияҳо шомил мебошанд.
Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз сирояти ин беморӣ ва риояи тавсияи мутахасисон оид ба истифодаи ниқоб ва воситаҳои безараргардонӣ маслиҳатҳо дода мешаванд.
Дар бисёри ҳолатҳо бо вуҷуди таъкидҳо ва иҷрои корҳои тарғиботӣ аз ҷониби баъзе аз сокинон тавсияҳо аз истифодаи ниқобҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя карда намешавад.
Кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо намояндагони соҳаи тандурустӣ ба шахрвандон оиди роҳҳои сироятшавӣ ва усулҳои пешгирии бемории коронавирус, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, тоза кардани манзилҳои зист, ҳатман пӯшидани ниқоби тиббӣ ва худдорӣ намудан аз гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ё серодам маълумот маслиҳатҳо медиҳанд.

1496149714981499

Ҳамзамон, баҳри бештар намудани маълумоти сокинон оид ба бемории мазкур ба онҳо варақаҳои тавсиявӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва дастури Роҳнамо ройгон тақсим карда мешавад.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика