Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саломатӣ гавҳари ноёб аст

1490

Тибқи дастури роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ҳамарӯза дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои фаҳмондиҳию машваратӣ бо аҳолӣ ҷараён дорад.
Кормандони мақомоти милитсияи вилояти Хатлон дар баробари дигар ташкилоту муассисаҳо ва кормандони соҳаи тандурустӣ дар байни аҳолӣ бо фаъолияти шабонарӯзӣ корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдоштии шахсиву ҷамъиятӣ дар тамоми қаламрави вилоят ба роҳ мондаанд.
Ин навбат гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби ҷавонони фаъол, кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоят, кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и вилоят бо ронандагону мусофирон ва сокинону меҳмонони шаҳри Бохтар, дар терминалҳои мусофиркашонӣ, бозорҳову роҳравҳо ва истгоҳҳои нақлиётӣ, корҳои фаҳмондадиҳиро гузарониданд.
Зимни мушоҳидаҳо маълум гардид, ки то ҳол бархе аз шаҳрвандон бидуни ниқоб буда, ба саломатии худ ва атрофиён беаҳамият мебошанд, ки фориғболию бепарвоии сокинон нисбат ба ин бемории сироятӣ яке аз сабабҳои паҳншавии он шуда метавонад.
Дар ин раванд баҳри пешгирӣ кардани паҳншавии он Ҳукумати кишвар низ ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
Мутахассисони соҳаи тиб таъкид медоранд, ки ин беморӣ аз одам ба одам ба воситаи қатраҳои хурд, ки аз бинӣ ё даҳони бемори гирифтор ба COVID 19 ҳангоми сулфа ва атсазанӣ ҷудо мешаванд, мегузарад.

1491

Ба мардум тавсия медиҳанд, ки қоидаҳои беҳдоштиро бодиққат риоя кунанд, ҳангоми шустани дастон аз собуни зиддибактериявӣ истифода бурда, аз ҷойҳое, ки шумораи зиёди одамон дар он ҷо ҷамъ омадаанд, дурӣ ҷӯянду саломатии худу назиконашонро дар хатар нагузоранд.
Инчунин ба сокинон ниқобҳои яккарата, маҳлулҳои зиддиуфунӣ ройгон тақсим карда шуд.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика