Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмгузаронии дастачамъона дар РВКД Суғд

 1492 

Ҳафтаи сипаригардида дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд эмкунии ҳайати шахсиро бар зидди бемории коронавирус оғоз карданд. Маъракаи дастаҷамъонаи иммунизатсия бо дастури сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ташкил карда шуда, тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва масъулини самти хоҷагидорию коргузорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои пешгирӣ аз хавфи сироятёбӣ ба бемории «COVID-19» ба ваксинатсия фаро гирифта мешаванд.

1493

Гузаронидани чорабинии эмгузаронии муташаккилонаро гурӯҳи кории духтурони шуъбаи тиббии Раёсат ба уҳда доранд, ки ба Шуъбаву хадамот ва ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳозир гардида, кормандонро эм мекунанд. Ваксинае, ки шуъбаи тиббии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар ихтиёр дошта, вояи якуми онро гузаронида истодааст, ваксинаи истеҳсоли Чумҳурии халқии Хитой «КоронаВак» мебошад.
То оғози маъракаи дастаҷамъонаи эмгузаронӣ, аллакай сарбозону афсарони Қисми низомии №3501 Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД бо қароргоҳ дар шаҳри Хуҷанд, кормандони шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи Раёсат, шуъбаи БДА ба пуррагӣ ваксинатсия карда шуда, эмгузаронӣ дар дигар шуъбаҳо идома дорад.

1494

Тавре ҳамагон огоҳӣ доранд мутахассисони соҳаи тиб яке аз роҳҳои мубтало нашудан ба бемории COVID-19-ро дар гирифтани ваксина бар зидди ин сирояти ҳамагир медонанд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст тавсияи табибонро риоя намоем.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика