Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корҳои тамизгардонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ

1487

Бо дастури роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии ҳаргуна касалиҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавируси навъи КОВИД-19 гурӯҳҳои махсуси сохторҳои ВКД барои доир намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бозору марказҳои савдо, боғҳои истироҳатӣ, ҷойҳои сайру гашти шаҳрвандон масъул гардонида шудаанд.
Имрӯз бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ дар бозори “Султони Кабир”-и шаҳри Душанбе бо тоҷирону савдогарон вохӯрӣ доир гардида, роҳбарияти Вазорат оид ба пешгирии сирояти бемории коронавирус андешаронӣ карданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба ваксинатсия фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат, ҳар яки моро зарур аст, ҳарчи зудтар аз эмгузаронӣ, яъне ваксинатсия гузарем, зеро ин ба манфиати худи мост.
Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо сокинони мамлакат бо як масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин бемориро гирифта истодаанд.
Дар идомаи суханронӣ изҳор гардид, ки ҳар як нафарро мебояд, ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ аз никобҳои муҳофизатӣ ва маҳлулҳои зиддиуфунӣ истифода намояд ва масофаи иҷтимоиро риоя кунад.
Мутаассифона, новобаста аз доир намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳануз ҳастанд нафароне, ки бе ниқоб дар бозор гаштугузор карда, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд. Аз ҷониби кормандони милитсия ба фурӯшандагони бозори мазкур ва харидорон 3 ҳазор ниқобҳои муҳофизатӣ бо таври ройгон тақдим карда шуд.
Илова бар ин вобаста ба пайдоиши бемории коронавирус СОВИД-19, воситаҳои сирояти он ва роҳҳои пешгирии ин беморӣ, инчунин афзоиши ин беморӣ дар дигар кишварҳои олам маълумоти мушаххас дар фиттаҳои алоҳида сабт гардида, ба масъулини бозор ва фурӯшандагони он таксим карда шуд.
Аз ҷониби роҳбарияти ВКД гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби кормандони Шуъбаи махсуси карантинии милитсия, СХДО, РВКД дар шаҳри Душанбе ва Шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД дар шаҳри Душанбе бо истифода аз воситаҳои нақлиёти махсус муҷаҳҳаз бо ҳамаи таҷиҳозҳои зарурӣ ва моддаҳои поксозиву безараргардонӣ, барои тамизгардонии ҳудуди бозори “Султони Кабир ва гирду атрофи он сафарбар гардиданд.

14881489

Гурӯҳхои корие, ки аз хисоби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади пешгирии бемории коронавирус ташкил карда шудааст, ҳамарӯза дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, хиёбону гулгашт, боғу майдонҳои пойтахт, атрофи беморхонаҳо, партовгоххо бо истифода аз маҳлулҳои биохимиявӣ чорабиниҳои безараргардонӣ доир намуда истодаанд.

Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Эҳсон Абдуллозода




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика