Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷиноятҳои авбошӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 1-уми августи соли 2021, тахминан соати 20:00, ҳангоми дар назди бозорчаи «Муҳаммадҷон», воқеъ дар кӯчаи Б.Ғафурови шаҳри Душанбе қарор доштанаш ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия ӯро бе ягон асос лату кӯб намуда, бо олоти халандаю буранда 1-маротиба ба китфаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 1-уми августи 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа, ҳангоми қарор доштанаш бо ҳамроҳии рафиқаш ҷавони 23-сола дар ҷамоати деҳоти Чортеппа, шахси номаълум онҳоро лату кӯб намуда бо корд 1-маротибагӣ ба узвҳои баданашон задааст.
Дар натиҷа, ҳардуи онҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби корманлони милитсия марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика