Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани мусофир дар натиҷаи бархурди ду воситаи нақлиёт

Рӯзи 2-юми августи соли 2021, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Жинаев Исохон Мирзоалиевич, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Регар ба самти шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Байналмилали ҷамоати деҳоти Регар, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Деу-Тико”, таҳти идораи ронанда Бобосаидов Тағоймурод, соли таваллудаш 1951, сокини ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри мазкур, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Деу-Тико”, Ахмедова Мавлудахон Аҳмадҷоновна, соли таваллудаш 1954, сокини ҷамоати деҳоти Пахтаобод, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика