Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 33-солаи сокини ноҳияи Файзобод муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи майи соли 2021, зани 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Кемри-3”-ро ба маблағи 110 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, аз ин маблағ 50 ҳазор сомониашро дода, боқимонди маблағи 60 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2012, дар кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе марди 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Нурободи ноҳияи Файзобод бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10 ҳазору 500-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика