Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 23-юми июли соли 2021, тахминан соати 02:20-дақиқа ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Мерседес Бенс-Спринтер», Мирзобоев Алишер Сангинович, соли таваллудаш 1978, сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат кардан дар км 276-уми шоҳроҳи «Душанбе-Бустон-Чанноқ», воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба оқиби автомашинаи боркаши тамғаи «Мерседес Бенс-Атеко», ки дар канори рости роҳ аз ҷониби ронандааш, Дадаҷонов Шарифҷон Ғуфронович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров таъмир шуда истода буд, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс-Атеко», Дадаҷонов Ш. Ғ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс-Спринтер», Мирзобоев А.С ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз руи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика