Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкоршавии ду ҳолати ҷинояти дуздӣ дар шаҳри Бохтар

Дар асоси муроҷиати шаҳрвандон ба ШВКД шаҳри Бохтар оиди аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани моликияти шахсиашон, аз ҳисоби кормандони милитсия гурӯҳи фаврӣ- ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуда, дар як муддати кӯтоҳ нафарони гумонбар дастгир карда шуданд.

Муайян карда шуданд, ки инҳо Салим Шоимардонов соли таваллудаш 1979, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, ки қаблан панҷ маротиба суд шуда бошад ҳам аз ин ба худ хулосаи лозимӣ набаровардааст, такроран даст ба тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр задааст.
Чунончӣ, санаи 11 июли соли равон дар бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар аз фурсати ба худ муносиб истифода намуда, аз ҷайби куртаи шаҳрванд Юлдош Алимардонов, соли таваллудаш 1948, сокини ноҳияи Кушониён бо роҳи пинҳонӣ 3-адад корти пластикии Амонатбонкро, ки дар дохилаш маблағи 760 сомонӣ ва ду адад шиносномаи миллӣ буд, тасарруф намудааст.
Инчунин, сокини ноҳияи Кушониён Додарҷонов Ҳилол соли таваллудаш 1999, пеш ду маротиба бо ҷурми дуздӣ ва ғоратгарӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шуда бошад ҳам, боз такроран бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ба дуздӣ даст задааст.
Додарҷонов Ҳ. санаи 13 июли соли равон ҳангоми дар маркази дилхушии «Шоми Хатлон», вокеъ дар шаҳри мазкур қарор доштанаш ҳангоми сӯҳбат карданаш бо шаҳрванд Буриев Суҳроб сокини ноҳияи Ёвон, ӯро ба оғӯш кашида, аз ҷайбаш маблағи 9070 сомониашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршудагон Шоимардонов Салим ва Додарҷонов Ҳилол бо дастрасии моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои чиноятӣ бо оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика