Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солимии ҷомеа-сарвати давлат аст

1472

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Ваорати корҳои дохилӣ вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо сокинон вохӯрда, корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳанд.
Новобаста аз он, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ин беморӣ аз тамоми шароиту имкониятҳо самаранок истифода намуда истодааст, мутаассифона дар кишвари мо шахсони ба сирояти коронавирус гирифторшуда, ба қайд гирифта шуда истодаанд.
Дар ин раванд, ҳар як шаҳрванд баҳри пешгирии бемории коронавирус ва солимии ҷомеа масъулият ҳис намуда, худу наздикони худро аз ин вабо бояд эмин нигаҳ бидорад.
Зимни бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандон оид ба роҳҳои сироятшавӣ ва усулҳои пешгирии бемории коронавирус, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, тоза кардани манзилҳои зист, ҳатман пушидани ниқоби муҳофизатии тиббӣ маслиҳатҳо дода мешавад.

147314741475

Таъкид карда мешавад, ки баҳри баланд кардани масъунияти худ ва хонавода аз меваю сабзавоти тару тоза, ки аз витаминҳо бой мебошанд, истифода намоянд.
Ҳамзамон, ҷиҳати бештар намудани маълумоти сокинон оид ба бемории мазкур ба онҳо варақаҳои тавсиявӣ ва дастури роҳнамо, дар баробари ин, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маҳлулҳои спиртӣ ройгон тақсим карда мешаванд.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика