Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кӯмак ба маъюбон ва оилаи камбизоат дар арафаи таҷлили ид

1469

Дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа, дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади дар амал тадбиқ намудани ин амали хайру савоб дар арафаи ҳама гуна иду ҷашнҳо аз ҷониби роҳбарияти РВКД дар ВМКБ ба шахсони ниёзманд, маъюбону бепарасторон кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.
Бо супориши сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод ин навбат ба хонаводаҳои Имомомдодов Азиз ва Саидикова Ҷонбегим дар шаҳри Хоруғ, ки фарзандонашон маъюб ва камбизот мебошанд, дар арафаи иди Қурбон маводи хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, чой ва шакар кӯмак расонида шуд.
Дар навбати худ, шахсони ниёзманд барои ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва дастгирии роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ минатдории худро баён намуданд.

14701471

Роҳбарияти РВКД дар ВМКБ тасмим гирифтаанд, ки дар дастгирии чунин оилаҳои ниёзманд дар оянда низ саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

Далер Чоршанбе, майори милитсия
Рудоба Чаманова, лейтенанти милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика