Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муйаян карда шуд, ки марди 29-солаи сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дӯстӣ ба ҷинояти одамкушӣ даст задааст.

Номбурда, санаи 18-уми июли соли 2021, тахминан соати 09:00 ба манзили истиқоматии апаи ҳамсараш зани 32-солаи сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи мазкур рафта, ҳамсараш зани 27-солаи сокини ҳамонҷоро аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди ошхонагӣ 10-маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳимаш зада, баъдан худашро 4-маротиба бо корди дар дасташ буда, задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҳангоми ба беморхонаи марказии ноҳия бурдан дар роҳ ба ҳалокат расида, худи гумонбаршаванда дар шӯъбаи эҳёгари ҳангоми гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика