Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар СХДО китобхонони беҳтарин муайян гардиданд

1383

1384Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат баробари таҳлили ҳаматарафаи вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, раҳнамоиҳои дурандешона дар бобати муаммоҳои ҷойдошта ва тадбирҳо дар роҳи ҳалли онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар масъалаи китобхонӣ ва тарғиби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илму дониш дастур доданд. Ба сохтору идораҳо низ супориш дода шуд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд карда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд. Талошҳои Пешвои миллат дар ин самт ба он мақсад аст, ки шаҳрвандон, хосса наврасону ҷавонон на танҳо кӣ будани аҷдодони худро донанд, ҳамчунин осори гаронарзиши гузаштагон ва фарҳанги қадимаи миллати тоҷикро барои ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд. Ин амалҳо замоне имконпазир мегардад, ки ҳамаи мардум рӯ ба омӯзиш ва мутолиаи китоб оранд. Ҳатто аз ҷониби Сарвари давлат ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки барои боло бардоштани маънавиёти шаҳрвандон, сатҳи худшиносӣ ва омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда шавад.
Бинобар ин, ба хотири ҷалби бештари кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба китобхонӣ аз ҷониби роҳбарияти СХДО ВКД сабқатҳои гуногуни зеҳнӣ дар байни кормандони хадамот пайваста роҳандозӣ карда мешавад.
Дар ин замина, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши сардори Сараёсат полковники хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода рӯзи 17-уми июни соли 2021 дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД даври ниҳоии Озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров - китоби «Тоҷикон»» доир гардид.
Муовини аввали сардори СХДО ВКД подполковники хизмати дохилӣ Маҳбуб Маҳмудзода чорабинии фарҳангиро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид кард, ки озмуни мазкур идомаи мантиқии тадбирҳо дар роҳи ривоҷ додани китобдорию китобхонӣ дар мамлакат мебошад. Ҳамчунин мавсуф иброз дошт, ки даври аввали Озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров - китоби «Тоҷикон»» дар байни тамоми кормандони ҷузъу томҳои СХДО ВКД баргузор гардид, ки аз ин миён 30 нафар ба даври ниҳоии он роҳхат ёфта, имрӯз байни ҳам рақобат хоҳанд кард.
Қобил ба тазаккур аст, ки соли ҷорӣ дар саросари мамлакат тадбирҳо ҷиҳати роҳандозиву густариши фарҳанги китобдориву китобхонӣ ривоҷ ёфта, дар ин раванд чунин озмуну маҳфилҳои илмӣ баргузор гардида истодаанд. Ҳолдонҳо бар он ақидаанд, ки ин раванд тавонист шумораи дӯстдорони каломи бадеъро дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз пеш афзоиш дода, ба ҳамин восита китоб ба хонандаи худ расонида шуд.
Аз ҷумла, кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он барои иштирок дар ин сабқат давоми чанд муддат омодагии ҷиддию ҳамаҷониба дида, бо шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров - китоби «Тоҷикон» боз ҳам бештар ошно гаштанд.
Бинобар ин, барои муайян намудани ғолибони озмун аз ҷониби роҳбарияти СХДО ВКД Комиссияи махсус таъсис дода шудааст, ки сатҳи дониши довталабони зеҳнӣ ҳамаҷониба ба инобат гирифта шуда, ҳар як иштирокчӣ холисона ва сазовор баҳогузорӣ карда шавад, -афзуд Маҳбуб Маҳмудзода.
Муовини сардори Сарраёсат майори хизмати дохилӣ Ҳалимҷони Акмал низ дар баромади худ мавзӯи китобдорию китобхониро матраҳ намуда, роҷеъ ба қадру манзалати китоб аз ҷумла иборз намуд, ки бузургони сухан дар ҳар давру замон китобро сарчашмаи хушбахтию хушрӯзиҳо қаламдод намудаанд. Касе ба китоб дилбасту ба он меҳру муҳаббат пайдо кард, албатта ба зиндагӣ нигоҳи дигар хоҳад дошт. Яъне, дар дунёи худ олами дигаре орост. Албатта, эҳсосоти аз мутолиаи китоб дарёфтаро ба чанд ҷумла наметавон тавзеҳ дод. Агар касе ба қадри китоб бирасад, пас ба қадри нон, ки муқаддастарин неъмати дунёст, расида бошад. Нобиғагони илму фарҳанг маҳз аз хондани шабонарӯзии китоб ба пояҳои баланди шуҳрату бузургӣ расидаанд-гуфт Ҳалимҷонӣ Акмал.

138513861387

Сипас дар ҳузури роҳбарияту кормандони Дастгоҳи марказии Сарраёсат, намояндагони Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД лейтенантони калони милитсия Меҳрубону Қурбонова ва Татяна Руденко, инчунин меҳмонони даъватшуда 30 нафар иштирокчиёни озмун байни худ рақобат намуданд.
Аз ҷониби Комиссияи махсус таъсис додашуда муайян карда шуд, ки ҷойи аввалро Раҷабов Зоир Амриддинович -командири шуъбачаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Ёвон, ҷойи дуюмро Сангов Маҳмадулло Хурсандович -оташнишони Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин ду ҷойҳои сеюмро Ҳакимов Наҷмиддин -сардори басти НБО «Бойғозӣ» ва Атозода Муҳаммадсалмон-оташнишони қисми 25-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати НБО «Роғун» ишғол намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба ғолибони Озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров - китоби «Тоҷикон»» ва иштирокчиёни фаъоли он аз ҷониби роҳбарияти Сарраёсат Сипосномаву Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии қимактнок тақдим карда шуданд.

Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика