Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо гардидани ҳодисаҳои дуздӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ноболиғи 15-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.

Номбурдагон, рӯзи 11-уми июни соли 2021, тахминан соати 23:00, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ки ба марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, 1-адад ноутбук ва 1-адад айнаки мардонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 12 ҳазору 560-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 13 ба 14-уми июни соли 2021, тахминан соати 02:00, бо тариқи пинҳонӣ аз ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии «Ленин» 1 сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 55-солаи сокини ҳамин шаҳр тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 7 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика