Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи касбии оташнишонӣ

1379

Рӯзи 16-уми июни соли 2021 дар Варзишгоҳи машқӣ-таълимии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Абай 2-и пойтахт, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар байни ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони Душанбе, ки ба он қисмҳои мустақили ҳарбикунонидашудаи Сарраёсат, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва сохторҳои он, инчунин қисмҳо ва дидбонгоҳҳои алоҳидаи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ шомил мебошанд, мусобиқаи касбӣ -оташнишонӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

1380

Чорабинии варзиширо бо суханони ифтитоҳи муовини аввали сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД подполковники хизмати дохилӣ Маҳмудзода Маҳбуб кушода эълон намуд. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки варзишгарони Дастгоҳи марказии СХДО ВКД ва ҷузъу томҳои он дар мусобиқаҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилӣ ва миёни сохторҳои қудратии мамлакат, инчунин корхонаю ташкилотҳо фаъолона баромад намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Чуноне, ки дар мусобиқаҳои Вазорати корҳои дохилӣ оид ба вазнбардорӣ ва шиноварӣ, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд, дастаи мунтахаби Сарраёсат ба гирифтани ҷойи якум ва Ҷоми ин мусобиқаҳои сатҳи баланд ноил гардид. Роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ итминони комил доранд, ки варзишгарони хадамот дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва сатҳи байналмилалӣ низ фаъолона иштирок намуда, ба натиҷаҳои дилхоҳи варзишӣ ноил мегарданд ва нуфузи варзиши касбӣ -оташнишониро дар байни дигар намудҳои варзиш боз ҳам баландтар мебардоранд.
Дар интиҳои баромади худ Маҳмудзода Маҳбуб ба ҳамаи иштирокчиёни мусобиқа чусту чолокӣ ва сабқати ҷавонмардонаю ноил шудан ба натиҷаҳои беҳтарини варзиширо таманно намуд.
Бояд қайд кард, ки чорабинии варзишии мазкур давоми ду рӯз яъне рӯзҳои 16 ва 17 июни соли 2021 гузаронида мешавад. Дар мусобиқаи касбӣ -оташнишонӣ 14-дастаи варзишгарон аз рӯи намудҳои:
- давидан ба масофаи 100 метр бо монеаҳояш;
- баромадан бо зинапояи муҳорибавӣ ба ошёнаи 4-уми манораи таълимӣ;
- эстафетаи оташнишонӣ;
-густариши муҳорибавӣ, байни худ сабқат менамоянд.
Дар рӯзи якуми мусобиқа варзишгарон аз рӯи намудҳои давидан ба масофаи 100 метр бо монеаҳояш ва баромадан бо зинапояи муҳорибавӣ ба ошёнаи 4-уми манораи таълимӣ байни худ қувваозмоӣ намуданд.
Ғолибони мусобиқаи касбӣ-оташнишонӣ аз рӯи натиҷаҳои ниҳоии он, дар ҷамъбасти чорабинии варзишӣ яъне дар рӯзи дуюми мусобиқа, аз ҷониби доварон муайян карда хоҳанд шуд.

13811382

Айни ҳол мусобиқаи касбӣ-оташнишонӣ дар Варзишгоҳи машқӣ -таълимии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки мувофиқи иттилои собиқадорони соҳа, мусобиқаи касбӣ -оташнишонӣ аввалин маротиба дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1937 ташкил ва гузаронида шудааст ва он ҳаводорони зиёди худро пайдо намуда, то ба имрӯз ҳамасола аз тарафи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида мешавад.

Кароматулло Абдуллоев,
СХДО ВКД ҶТ

 




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика