Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳифзи зироатҳои ғалладонагӣ аз ҷониби Ситодҳои доимоамалкунандаи зиддисӯхторӣ

1739

Бо мақсади сари вақт пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор дар мавсими ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ ва хӯроки дурушти чорво, тибқи супориши Вазорати корҳои дохилӣ, аз тарафи роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ дар мавзеъҳои ғаллазори ноҳияи Данғара ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон Ситодҳои доимоамалкунандаи зиддисӯхторӣ бо ҷалби мутахассисони Сарраёсат ва ҷузъу томҳои он ташкил карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки аз тарафи роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, ба нозирони хадамот ва дигар аъзоёни ситод вобаста ба амалҳои фаврӣ дар вақти рух додани сӯхтор дар майдонҳои ғаллазор дастуру тавсияҳои иловагӣ дода шуданд. Инчунин ба онҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа истифодаи дурусту аз ҷиҳати сӯхтор бехавфи комбайну дигар воситаҳои нақлиёти хоҷагиҳои кишоварзӣ, шудгори атрофу ба қитъаҳо ҷудокунии ғаллазорҳо ба воситаи тракторҳо ва дигар амалҳои фаврии зарурӣ ба таври амалӣ омӯзонида шуданд.
Сипас дар мавзеъҳои ғаллазор кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо масъулини хочагиҳои кишоварзӣ, назоратчиёни пиёдагарду савораи асп ва дигар ниҳодҳои дахлдор бо истифода аз нақлиётҳои оташнишонӣ, трактору мотопомпаҳои обдиҳӣ, обпошакҳои дастӣ ва дигар асбобу таҷҳизотҳои махсуси омодакардашудаи оташнишонӣ дар Ситодҳои доимоамалкунанда ба фаъолияти шабонарӯзӣ шурӯъ намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки ҳамин гуна Ситодҳои доимоамалкунандаи зиддисӯхторӣ аз тарафи роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ дар тамоми мавзеъҳои ғаллазори ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дигар вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки мавсими дарави ғалла оғоз гардида истодааст, таъсис дода шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки чунин чораю тадбирҳои зарурии зиддисӯхторӣ ҳамасола пеш аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ ва хӯроки дурушти чорво, аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ дар тамоми мавзеъҳои ғаллазори ҷумҳурӣ сари вақт роҳандозӣ карда мешаванд.
Зеро чорабиниҳои муҳиму сари вақтии зиддисӯхторӣ аз ҳар ҷиҳат барои таъмини ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озӯқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ниҳоят зарур мебошанд.

Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД ҶТ

 




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика