Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд бо хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Хоруғ

1362

Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 ба номи Сайфулло Абдуллоев дар шаҳри Хоруғи ВМКБ бо хонандагону омӯзгорон ва волидон бо иштироки сардори Шуъбаи огоҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар ВМКБ подполковники милитсия Рустам Шоҳимардонов, масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Зубайда Донаёрова, мушовири назди Раёсати маорифи ВМКБ Нуқра Сабзалиева вохӯрии судманд баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 барои 640 хонанда дар шаҳри Хоруғ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми августи соли 2020 мавриди истифода қарор дода шуда, дорои тамоми шароитҳои хуби таҳсил мебошад.
Вохӯриро директори Муассисаи мазкур Гулбахт Ғалчабекова ҳусни оғоз бахшид.
Дар вохӯрӣ зимни баромад сардори Шуъбаи огоҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар ВМКБ подполковники милитсия Рустам Шоҳимардонов аз дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба наврасону ҷавонон, қишрҳои ояндасози давлату миллат ёдоварӣ намуда, кайд дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳз бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ, наврасону ҷавонони кишвар, шароити хуби таълимию илмомӯзӣ ва имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Қайд дошт, ки хонандагони ин боргоҳи илму маърифат пайваста дар ҳамаи олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва вохӯриҳову суҳбатҳо, ки дар дохили кишвари азизамон ташкил мегарданд, иштирок намуда, ҳамеша саъю талош доранд, ки дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон, оромиву осоиштагии мардум, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷиноятӣ ҳиссагузор мебошанд.
Наврасону ҷавонон воқеан нерӯи созанда, насли пешбарандаи ҷомеа ва тақдирсози ҳар миллату давлат маҳсуб ёфта, ояндаи дурахшони ҳар кишвар аз ҷавонону наврасони он вобастагии калон дорад.
Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарки амиқи ин мафҳум, ин нерӯи созандаву ояндасозро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намуда, барои рушду такомул, баланд бардоштани маънавиёту маърифати онҳо, омӯзиши илму ҳунар, азхудкунии фаннҳои дақиқ, донишу истеъдод, ба ҳаёти солиму намунавӣ роҳнамоӣ намудани ин қишри ҷомеа тамоми шароит ва имкониятҳоро фароҳам овардааст.

136313641365

Барои ҳидояту роҳнамоии наврасону ноболиғон бо супориши Роҳбарияти РВКД дар ВМКБ аз ҷониби Шуъбаи огоҳонӣ пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ пайваста вохӯриҳо ва сӯҳбатҳои судманд анҷом дода мешавад.
Рустам Шоҳимардонов аз содиршавии ҷиноятҳову қонуншиканӣ, пешгирии гаравидани ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ таъсири шабакаҳои интернетӣ ба мафкураи наврасон, дар вақти таътили тобистона машғул гардидани хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба сайру гашт, оббозӣ ва пешгирии оқибатҳои ногувору ғарқшавии наврасон дар об, дучархасаворӣ дар роҳҳои автомобилгард аз ҷониби наврасон вар рух додани садамаҳои нохуш ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он мисолҳо оварда, аз дастоварду натиҷаҳо, рушду тараққиёт ва ободу зебо гаштани Ватани азизамон ёдоварӣ намуд. Қайд намуд, ки вазифаи аввалиндараҷаи наврасону хонандагон ин таҳсили аъло ва рафтори хубу намунавии онҳо дар ҷомеа мебошад. Зикр дошт, ки ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ, муассисаҳои таълимӣ, оила ва дигар қишрҳои ҷомеа дар таълиму тарбияи насли наврас бояд масъулияти баланд дошта бошанд.
Дар чорабинӣ ҳамзамон оид ба машғул шудан ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, донишомӯзиву хониши намунавӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва дурӣ ҷӯстан аз ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ дар ҷомеа суханрониҳо карда шуда, наврасонро бо омӯзиши илму маърифат, рафтору гуфтори намунавӣ, ватандустию меҳанпарастӣ ҳидоят намуданд.
Бояд қайд намуд, ки чунин вохӯриву сӯҳбатҳои муфид дар дигар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ гузаронида мешаванд.

Далер Чоршанбе, майори милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика