Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷанги дуюми ҷаҳон-ҷанги даҳшатноктарин дар таърихи инсоният

840

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён, низ азиз ва гиромӣ аст. Рӯзи Ғалаба рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва рӯҳи шикастанопазири халқҳои мост. Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба, поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати беканори онҳое, ки дар ақибгоҳ дар шикасти аду саҳм мегирифтанд, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза аст. Дар баробари ин Рӯзи Ғалаба моро ҳушдор медиҳад, ки сулҳу амният, тинҷию осудагӣ неъмати бебаҳоянд ва мо барои ҳифзи онҳо бояд ҳамеша омода бошем.

Ҷанги дуюми ҷаҳон аз лиҳози вусъату андоза ҷанги даҳшатноктарин дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Онро мамлакатҳои империалистӣ тайёр карда буданд. Ин мамлакатҳо кӯшиш мекарданд, ки қаламрави давлатҳои дигарро забт карда, халқи онҳоро ба асорат гирифтор намуда, ҳукумронии худро дар ҷаҳон таъмин намоянд. Зиддияти онҳо аз он сабаб боз ҳам тезутунд мегардид, ки дар солҳои 20-ум ва 30-юми асри гузашта нобаробарии тараққиёти иқтисодӣ ва сиёсии мамлакатҳои сармоядор ба марҳалаи нави худ вуруд гашт. Давлатҳое, ки аз мустамликаҳо, манбаъҳои ашёи хом ва бозори фурӯши мол камтар таъмин буданд, бо мамлакатҳои дорои мустамликаҳои зиёд ба рақобати шадид даст мезаданд. Дар ин давра мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ақибмондатари империалистӣ ба мамлакатҳои мутараққии сармоядорӣ расида гирифта, аз ин мамлакатҳои мустамликадор ҳиссаи барои худ сазоворро кашида гирифтанӣ буданд.
Дар солҳои 20 паймони мамлакатҳои империалистии даъвогари ҳукмрони ҷаҳон шудан аз нав ташаккул ёфт. Ба он Германияи гитлерӣ, Италияи фашистӣ ва Ҷопон дохил буданд. Ин мамлакатҳо худро дар тақсимоти мустамликавии ҷаҳон бенасиб ҳисобида, азнавтақсимкунии ҷаҳонро сар карданд. Ба паймони иттиҳоди давлатҳои фашистӣ Англия, Фаронса, ИҶШС ва ИМА муқобил меистоданд. Англия, Фаронса ва ИМА, ки дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ғолиб баромада буданд, мехостанд, ки мавқеъҳои бадастовардаашонро боз ҳам мустаҳкамтар кунанд. Ин давлатҳо дар иттиҳоди ҳарбию сиёсӣ муттаҳид нашуда буданд. Аз ин рӯ, дар алоҳидагӣ нисбат ба иттиҳоди фашистӣ заифтар менамуданд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки худро бо роҳи дипломатӣ аз ҳуҷуми фашизм эмин доранд.
Дар пеши роҳи давлатҳои иттиҳоди фашистӣ як монеаи пурзӯр меистод, ки он Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Сохти давлатии он сотсиалистӣ буд. Мубориза дар байни низоми сармоядорӣ ва сотсиалистӣ яке аз сабабҳои дигари сар задани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ин ҷанг аз рӯи мақсад ва сохти сиёсии давлатҳои дар он иштироккунанда ҷанги империалистӣ, истилогарона ва аз тарафи ташаббускорони он беадолатона буд.
Ҳаминтариқ 22 июни соли 1941 Германияи фашистӣ созишномаи 23 августи соли 1939-ро шикаста ба Иттифоқи Шӯравӣ ҳамла кард. Гитлерчиён ният доштанд, ки тавассути нақшаҳои «Барқосо» (190 дивизияи дорои 5,5 млн. нафар аскару афсар, 3,7 ҳазор танк, 5 ҳазор самолёт, зиёда аз 47 ҳазор туп ва миномёт), амалиёти «Тӯфон» (дар назди Москва), «Такягоҳ» (дар «Камонаки Курск»- Курск-Орёл-Белгорад тибқи ин нақша фашистон дар Орёл ва Харков пеш рафта, Москваро давр зада ба даст медароварданд) артиши Шӯравиро торумор намуда, Ҷанги дуюми ҷаҳонро ба фоидаи худ анҷом диҳанд. Аммо Ҳукумати Шӯравӣ барои гирифтани пеши роҳи таҷовузкор чораҳои фаврӣ андешида, 30 июни соли 1941 Кумитаи давлатии мудофиа таъсис намуд ва тамоми захираҳои ҳарбӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро барои дифои мамлакат равон сохт. Баъди кушода шудани ҷабҳаи дуюм (6 июни соли 1944 дар Фаронсаи Шимолӣ бо сардории генерали Америка Дуайт Эйзенхауер) торумори Германияи фашистӣ вусъат ёфт. Ин муваффақият нишон дод, ки давлатҳои сохти сиёсиашон гуногун метавонанд бар зидди нерӯҳои иртиҷоӣ ва бадхоҳ якҷоя мубориза бурда, пирӯзӣ ба даст дароранд. Ба ин тариқ 30-апрели соли 1945 аксарони Шӯравӣ Кантария ва Егоров Парчами Сурхи Ғалабаро дар гунбази Рейхстаг ҷилвагар намуданд. Ҳамон рӯз Гитлер худкушӣ намуд. 2-юми май Берлин пурра ба дасти Артиши Шӯравӣ гузашт. 8-уми май қарордод дар бораи таслимшавии Германияи Фашистӣ ба имзо расид.
Давлати Шӯравӣ мақсади ба асорат гирифтани халқи немисро надошт, баръакс ба немисҳо имконият дод, ки давлати сулҳдӯст ташкил намуда, дар байни мамлакатҳо мавқеи сазовор пайдо намоянд. Ҷанги дуюми ҷаҳониро таърихшиносон барҳақ вазнинтарин ва мушкилтарин имтиҳони инсоният дар асри бистум донистаанд. Дар он беш аз 70-давлати хурду бузург иштирок кардаанд, набардҳои хунин ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди 40 давлат сурат гирифтанд. Ва талафоти умумии инсоният ба 55 млн. нафар расид, ки тақрибан 30 млн. онҳо дар набардҳои мудҳиш ҳалок гардиданд. Хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии ҷанг 4,5 триллион доллари амрикоиро ташкил медод.
Мо имрӯз ҳақ дорем бо як ҷаҳон ифтихору сарбаландӣ иброз намоем, ки фарзандони шарафманди Тоҷикистон низ беш аз 260 ҳазор нафар дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, дар ин Ғалабаи Бузург саҳм гирифтаанд. Барои қаҳрамониҳои бемисл ва шуҷоату мардонагӣ зиёда аз 60 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва даҳҳо ҳазори дигар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардидаанд.
Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳурӣ низ дар сафи дигарон ба ҷабҳаи ҷанг рафта, дар мубориза бар зидди фашизми истилогар саҳми босазо гузоштаанд. Бар замми миқдори зиёди ордену мадалҳо ду нафар оташнишонон: Ҳоваҷӣ Магомед Мирзоев ва Михаил Иванович Новосёлтсев ба унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардонида шуданд. Замоне, ки мардҳо бар зидди фашистон меҷангиданд, занҳо дар Хадамоти оташнишонӣ сафи онҳоро пур намуда буданд. Ба ғайр аз ин онҳо дар сохтмонҳои канали Ҳисору нерӯгоҳи барқӣ Варзоб ва чандин сохтмонҳои дигар саҳми худро гузошта, борҳо бо Байрақи Сурхи сайёри Комитети Иҷроия ва Кумитаи Ҳизби шаҳри Душанбе қадр карда шудаанд.
Дар оғози ҷанг дар ҷумҳурӣ 20 заводи саноатӣ, 273 корхонаи калону хурд, даҳҳо объектҳои коркарди маъдан сохта шуданд. Танҳо дар солҳои 1941-1943 дар ҷумҳурӣ фабрикаи дӯзандагию трикотажии Ленинобод, заводҳои равғанкашӣ дар ноҳияҳои Шаҳритӯс ва Фархор, фабрикаи ресандагӣ дар Конибодом, комбинати матоъҳои пахтагини пойтахт, комбинати «Огреупоругол» дар Зиддӣ сохта ба истифода дода шуд. Кормандони илми ҷумҳурӣ низ фаъолияти илмии худро ба иҷрои вазифаҳои мудофиа, аз ҷумла ҷустуҷӯи манбаъҳои фоиданоки мавриди ниёзи саноати ҳарбии мамлакат, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, самаранокии чорводорӣ ва ғайра равона карда буданд.
Шоиру нависандагони тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Лутфулло Бузургзода, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Фотеҳ Ниёзӣ ҳам бо қалам ва ҳам бо силоҳ зидди душман мубориза бурданд. Устод Айнӣ бо мақолаҳои публитсистии худ нақшҳои зишти фашизмро ошкор сохта, дар мисоли қаҳрамонони халқи тоҷик эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардумро бедор мекард. Умуман, тамоми нерӯи илҳомбахшу сафарбаркунандаи адабиёту ҳунар, санъату маданият ба он равона шуда буд, ки мардум дар муқобили фалокати азиме, ки ба сари Ватан омадааст, яктану муттаҳид, устувору матин бошанд, худро барои тақдири халқу кишвар масъул ҳис кунанд, ба ғалаба, ба пирӯзии кори ҳақ, ба ояндаи озоду ободи Ватан эътимоду боварӣ дошта бошанд. Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар иловаи он ки аҳамияти азими таърихӣ ва сиёсӣ дошт, боз ба башарият бори дигар собит кард, ки халқҳою миллатҳои гуногун сарфи назар аз ҷаҳонбинии сиёсӣ, идеологӣ ва мазҳабиашон агар муттаҳид ва якдилу якмаром шаванд, метавонанд ҳар гуна нерӯҳои бадхоҳи инсониятро саркӯб ва мағлуб созанд.
Мо, тоҷикон, аз таҷрибаи талхи таърихии оғози солҳои 90-уми асри гузашта ба хулосае омадаем, ки сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа алтернатива надорад. Қиматтарин сабақе, ки аз ин воқеаҳо бардоштем, зарурати таъмини сулҳу ваҳдат ва ризояти миллӣ мебошад. Магар имрӯз ҳам каманд дар дунё нерӯҳое, ки ба хотири манфиатҳои маҳдуди сиёсию минтақавӣ ва чоҳталабонаашон дар гӯшаҳои гуногуни сайёра оташи ҷангу адоватро аланга медиҳанд, халқҳою кишварҳоро муқобили ҳамдигар шӯр меандозанд. Дар шароити кунунӣ, ки ба инсоният хатарҳои глобалӣ, ба мисли терроризм ва экстремизми байналмилалӣ таҳдид мекунанд, ин масъала аҳамияти хоса касб менамояд.
Ва чунонки халқҳои ҷаҳон дар муттафиқӣ бар нерӯи аҳримании фашизм пирӯз шуданд, ин хатарҳоро низ дар якҷоягӣ ва ҳамкории васеъ метавон аз байн бурд. Имрӯз комилан мусаллам аст: бе муттаҳидӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ инсоният пеш рафта наметавонад. Тимсоли ин гуна дӯстӣ ва садоқатро мо дар мисоли падарон ва бобоёни шуҷоатманди худ мебинем, ки ба шарофати корнамоиҳо ба хотири Ватан дар ёди наслҳои оянда абадан мемонанд. Аз ин рӯ, санаи Ғалаба бар фашизм, агар аз як тараф, ҷашни пурифтихор бошад, аз ҷониби дигар, инсониятро огоҳ месозад, ки барои тақдири сулҳи сартосарӣ дар дунё, оромию осоиштагӣ дар хонаи умумиамон масъулияти бештаре дошта бошанд.
Мо-созандагони ҷомеаи нав дар марҳалаи бунёдкорӣ ва обод сохтани сарзамини қадимии худ бояд аз падарони сарбаланди хеш ва собиқадорони ҷангу меҳнат ибрат гирем. Зеро онҳо баробари ҳифзи Ватан дар ободонии сарзамини аҷдодӣ заҳматҳои зиёд кашидаанд. Бигзор, чеҳраи манҳуси ҷангро набинем ва дар зери осмони соф ҳамеша кабӯтари Сулҳ болафшонӣ намояд.
Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика