Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳои зиддисӯхторӣ дар мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ

1084

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳама зинаҳои таҳсилот бо маром идома дода истодааст. Мусаллам аст, ки пешрафти ҷомеа аз тараққиёти илму техника ва технология вобастагии калон дорад. Бинобар ин, агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба ин масъала диқкати ҷиддӣ зоҳир намоем. Дар ин раванд таъмини ҳолати бехатарӣ аз сӯхтори муассисаҳои таълимӣ низ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, пайваста дар ин самт чораю тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

Вобаста ба ин, дар асоси талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ аз ҷониби кормандони СХДО ВКД, бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ва истифодаи оқилонаю сарфакоронаи қувваи барқ, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғиботӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷумла, чунин чорабиниҳои мақсаднок аз тарафи мутахассисони Сарраёсат ва Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони Раёсати маорифи ноҳияи мазкур, дар муассисаҳои таълимии №№ 35; 36; 39-и ҷамоати деҳоти Гулистон ва №№ 48; 180-и ҷамоати деҳоти Роҳатӣ ташкил ва гузаронида шуданд.
Зимни чорабиниҳои зиддисӯхторӣ дар баробари гузаронидани корҳои дастурдиҳӣ-фаҳмондадиҳӣ, инчунин бо омӯзгорону хонандагон ва кормандони техникӣ омӯзиши истифодаи самараноки воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ, тартиби дуруст нигоҳдории онҳо ва чи гуна амал намудан дар вақти сӯхтору дигар ҳолатҳои фавқулодда доир карда шуданд. Ҳамчунин ба роҳбарият ва масъулони муассисаҳои таълимӣ оид ба истифодаи оқилонаю сарфакоронаи қувваи барқ тавсияҳои зарурӣ дода шуданд.

10851086

Дар интиҳои чорабинии муштарак аз ҷониби сардори Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Сафаров Соҳибназар Шарифович ва сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии номбаршуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои зиддисӯхторӣ изҳори сипоси самимӣ карда шуд.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика