Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзгоре барои ибрат

1083

Абдувалӣ Қайюмов иштирокчии ҶБВ, собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ буда, моҳи июли соли 1924 дар ҷамоати деҳоти Хонободи шаҳри Исфара дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1932 ба мактаби ибтидоии зодгоҳаш рафта соли 1936 синфи 4-умро хатм намуда, баъдан то соли 1942 дар колхоз заҳмат кашидааст. Моҳи январи соли 1942 барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват шуда, хизматро ба ҳайси телеграфист дар Полки №42 алоқа дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия, Калинский ва Лвови Украина то моҳи апрели соли 1947 идома медиҳад.
Дар давраи иштирок дар ҶБВ аниқтараш давоми солҳои 1942-1947 қаҳрамониву шуҷоат нишон дода, дар муҳорибаҳои ҷангӣ ва озод намудани шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия, Украина, шаҳру деҳоти давлатҳои соҳили Балтик ва Чехословакия саҳм гузоштааст.
Баъди анҷоми хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ соли 1947 сарбаландона ба зодгоҳ баргашта фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси колхозчӣ идома медиҳад. Ва соли 1951 ба сафи милитсияи Шуравӣ пайваста, зиёда аз 30 сол дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолияти бенуқсон менамояд. Дар баробари мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, саҳм гузоштан дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳаёту саломатӣ ва моликияти шаҳрвандон ҳадафи асосии кору пайкори ин марди наҷиб аст. Ӯ фаъолияти хизматии худро аз вазифаи милитсионери қатории шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара оғоз намуда то ба вазифаи командири Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и шуъбаи мазкур идома медиҳад ва соли 1982 ба нафақа мебарояд.
Номбурда ҳамчун собиқадори МКД то ҳол дар чорабиниҳои тарбиявӣ ва корҳои роҳбаладии насли имрӯзаи милитсия фаъолона иштирок менамояд. А.Қайюмов зимни иштирок дар маҳфилу чорабиниҳои ташкилнамудаи РВКД дар вилояти Суғд ва ШВКД дар шаҳри Исфара дар назди ҳайати шахсӣ оиди таърихи милитсияи тоҷик, каҳрамонии кормандони милитсия, ёддоштҳо аз ҷабҳаи ҷанг қисса намуда дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, мустаҳкам намудани интизоми хизматӣ, риояи қонуният ва пешгирии ҷинояткорӣ саҳм мегузорад.
Барои далерию шуҷоат дар ҶБВ ҳамчунин дар давраи фаъолият ва собиқадори МКД будан А.Қайюмов бо 20 медалу орденҳои дараҷаи баланд сарфароз гардидааст. То ба имрӯз аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумат, ВКД ва Раёсати он дар вилояти Суғд қаҳрамони матлаби мо борҳо аёдат ва дидорбинӣ шуда, мунтазам аз ҳавасмандиҳои моддиву маънавӣ бархурдор аст.
Дар арафаи 76 солагии иди Ғалаба роҳбарияти Шӯрои созмони собиқадорони МКД дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Абдувалӣ Қайюмовро аёдат ва хамсухбат шуданд. Мавсуф аз таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э.Раҳмон нисбати иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо барорбар карда шуда изҳори миннатдорӣ намуда, дар навбати худ дастгирӣ ва пуштибонии роҳбарияти ВКД аз собиқадорони соҳа ба хусус иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватаниро таъкид дошт.
Барои аъзоёни Шӯрои созмони собиқадорон дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва насли дар сохтори мақомот амалкунанда Абдувалӣ Қайюмов ҳамчун иштирокчии ҶБВ, мактаби зиндаи тарғибгари матонату мардонагӣ ва чеҳраи намоён намунаи ибрат мебошад.
Дар ҳақиқат кору пайкори чунин инсонҳои ватандуст лоиқи пайравӣ барои насли ҷавон аст.

Алиҷон Ҳайдаров,
Раиси Шӯрои созмони собиқадорони
РВКД Ҷумҳури Тоҷикистон дар вилояти Суғд,
полковники мустаъфии милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика