Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии кормандони милитсия бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

1263

Дар толори хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки сардори Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар ВМКБ подполковники милитсия Рустам Шоҳимардонов, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ниёзали Қамбаров, корманди Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Миршакар Зарипов, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ Юсуф Асадбеков ва масъулини Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар шаҳри Хоруғ бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, ки аз дигар минтақаҳои кишвар дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, вохӯрии судманд баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ зимни баромад сардори Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар ВМКБ аз дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон, қишрҳои ояндасози давлату миллат ёдоварӣ намуда, қайд дошт, ки дар даврони соҳибистиклолии кишвари азизамон маҳз бо дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои донишҷӯёни кишвар, тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Қайд гардид, ки дар миёни ҷавонон бояд ҳамеша дӯстиву якдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ бошад ва барои пешрафту шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон донишҷӯён аз худ масъулияти баландро нишон диҳанд. Зикр гардид, ки ҷавонон бояд мунтазам ба мутолиаи китобҳо машғул гардида, барои аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир дониши худро сайқал диҳанд ва зиракии сиёсиро аз даст надода аз шомил гардидан ба ҳар гуна гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва тундраву ҷинояткор худро дур созанд.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маълумоти муфассал ироа гардида, қайд карда шуд, ки донишҷӯён барои минбаъд ҳам иштироки фаъолона намудан дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз худ масъулияти баланд нишон диҳанд. Ин гуна вохӯрихо ва суҳбатҳо иқдоми наҷиби роҳбарияти РВКД дар ВМКБ мебошанд, ки дӯстию рафоқатро миёни ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар бо дигар донишҷӯён боз ҳам мустаҳкам намуда, ҷаҳонбинии онҳо васеъ мегардад.
Қайд гардид, ки имрӯз донишҷӯёну толибилмон ва фаъолҷавонони дорои касбу кори гуногун гирдиҳам омада, дар пешрафти ҷомеа аз худ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат пайваста дар ҳамоишҳои илмӣ, чорабиниҳо ва озмунҳо, сӯҳбату вохӯриҳо ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, ки ин боиси таҳсин мебошад ва дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон, оромиву осоиштагии мардум, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва садди роҳи ҳар амалу кирдорҳои номатлуби бархе аз ҷавонон ҳиссагузор мебошанд.
Корманди Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Миршакар Зарипов зимни суҳбат бо донишҷӯён аз вазъи имрӯзаи ҷаҳон, хатару таҳдидҳо маълумот манзур намуда, қайд дошт, ки имрӯзҳо бояд донишҷӯён зираку ҳушёр бошанд ва аз ҳар гуна фитнаву дасисаҳо ва суханони гурӯҳҳои манфиатҷӯ дар канор бошанд.
Таъкид гардид, ки барои таҳсилу фароғат ва машғул шудан ба ҳар гуна машғулиятҳо барои донишҷӯн тамоми шароитҳои муосир барои илмомӯзӣ муҳайё мебошанд.
Бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ва «Тоҷикистон Ватани азизи ман», фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён ва дар вазъияти тантанавӣ қадришиносӣ гардиданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ масъулини Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва донишҷӯён барои дастгириҳои пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба Вазири корҳои дохилии мамлакат изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо ҳамеша кушиш хоҳанд намуд, ки аз кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа пешгирӣ намуда, барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи донишҷӯён аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳанд бурд.

1264

Сардори Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар ВМКБ қайд намуд, ки чунин вохӯриҳо минбаъд ҳам дар байни наврасону ҷавонон ва донишҷӯён идома дода мешавад.

Далер Чоршанбе, майори милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика