Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатлон: Корҳои фаҳмондадиҳӣ – иттилоотӣ

1261

Дар асоси Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2021 бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ-иттилоотӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати қонунигардонии мақоми ҳуқуқии муҳоҷирон - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, бо дарназардошти ба охиррасии муҳлати амали Фармони Президенти Федератсия Россия аз 18 апрели соли 2020, №247 «Дар бораи татбиқ намудани чораҳои маъмурӣ нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, бинобар вайрон намудани қоидаҳои будубош», кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ШҲТҶ, ШОПҲНҶ ва дигар ҳайати шахсӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил намуданд.
Ҳайати гурӯҳ бо роҳбарии сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Изатулло Абдулазиз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷалби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳаллаҳо, Васоити ахбори омма, аҳли ҷамоатчигӣ ва хешовандони муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Федератсия Россия мебошанд, суҳбату вохӯриҳо гузаронида истодаанд.

125812591260

Дар вохӯриҳо зикр карда мешавад, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, бояд ҷиҳати бақайдгирии шиносномаҳои худ дар сохторҳои Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Федератсияи Россия то муҳлати муайяншуда гузаранд, зеро дар ҳолати ба расмият надаровардани ҳуҷҷатҳои дахлдор ҷониби Федератсияи Россия онҳоро аз ҳудуди кишвар берун карда, нисбаташон қарор дар бораи манъи вуруд ба муҳлатҳои гуногун қабул карда мешавад.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика