Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории машқҳои тактикӣ-оташнишонӣ дар бозору марказҳои калони савдо

1252

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун яке аз бахшҳои афзалиятноки таъминкунандаи рушди иқтисодии кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои фаъолияти устувору самараноки соҳибкорону савдогарон тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст. Ҳамчунин, ҷиҳати таъмини бехатарии молу мулки онҳо аз ҳар гуна ҳодисаҳои фавқулодда, ба хусус, ҳодисаҳои нохуши сӯхтор пайваста тадбиру чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар ин замина, мунтазам ташкил ва баргузор намудани машқҳои тактикӣ-оташнишонӣ дар бозору марказҳои савдо яке аз омилҳои асосии кафолати ҳифзи ҳаёту саломатии савдогарону харидорон ва таъмини амнияти молу мулки тоҷирону соҳибмулкон аз нобудшавӣ дар оташ ба ҳисоб меравад.
Маҳз бо ҳамин мақсад, дар асоси талаботи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабинҳои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ дар «Бозори Сабо»-и Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Қандилбобо»-и ноҳияи Шаҳринав, бо иштироки роҳбарияти Сарраёсат, машқи тактикӣ-оташнишонӣ бо ҷалби хадамотҳои оташнишонии ноҳияи Шаҳринав, шаҳри Турсунзода, Корхонаи воҳиди давлатии «Алюминии тоҷик», инчунин кормандони милитсия, ёрии таъҷилии тиббӣ, шабакаҳои барқ дастаи идоравии оташнишонии бозор ва дигар ниҳодҳои ҳамоҳангсозӣ доир карда шуд.
Мувофиқи сенарияи машқ гӯё дуконҳои савдои матоъҳо ва сару либосаро алангаи оташ дар масоҳати зиёда аз 100 метри мураббаъ фаро гирифтааст. Бо супориши роҳбари амалиёт ва Ситоди таъсисдодашуда, дастаи идоравии оташнишонии бозор бо як чолокӣ то ба ҷойи ҳодиса расидани қуваву воситаҳои хадамоти оташнишонӣ густариши муҳорибавӣ гузаронида, ба пешгирии роҳҳои паҳншавии сӯхтор ва наҷоти одамон аз ҳалқаи оташ шуруъ намуданд.
Дар ин муддат 3-адад нақлиётҳои сӯхторхомӯшкунӣ, нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ ва дигар хадамотҳои ҳамоҳангсозӣ низ ба маҳалли чорабинӣ ҳозир гардида, дастаҷамъона ва бо маҳорати баланди касбӣ сӯхтори шартиро бартараф намуданд.
Ҳамин гуна машқи муштараки тактикӣ-оташнишонӣ бо иштироки роҳбарияти Сарраёсат дар Бозори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «ЛТД Ҳоҷӣ Файзуллохон+Р»-и шаҳри Турсунзода ҳам баргузор карда шуд, ки дар он 4 адад нақлиётҳои оташнишонӣ, 1 адад нақлиёти ёрирасони обкашон, инчунин кормандони милитися, ёрии таъҷилии тиббӣ, шабакаҳои барқ, дастаи идоравии оташнишонии бозор ва дигар ниҳодҳои ҳамоҳангсозӣ барои хомӯш намудани сӯхтори шартӣ дар масоҳати 186 метри мураббаъ ҷалб гардиданд. Сатҳи баланди ҳолати омодабошии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонию ниҳодҳои ҳамоҳангсозӣ ва маъмурияти бозор буд, ки дар кутоҳтарин фурсат ҳодисаи шартӣ бартараф карда шуд.
Дар доираи чунин чорабиниҳо таҳти роҳбарии мутахассисони Сарраёсат дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон, ки айни замон дар он 184 нафар бошандагон аст, аз ҷониби Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия бо ҷалби ниҳодҳои ҳамоҳангсозӣ машқи тактикӣ-оташнишонӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ин машқ гӯё дар ошёнаи 2-юми бинои хобгоҳи мактаб-интернат дар масоҳати 70 метри мураббаъ ҳодисаи сӯхтор ба амал омадааст.

12531254

Амалиёти гузаронидаи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо истифода аз 2 адад нақлиётҳои соҳавӣ дар якҷоягӣ бо кормандони милитсияву ёрии таъҷилии тиббӣ, дружинаи идоравии оташнишонони ҷавон ва дигар ниҳодҳои дахлдор собит намуд, ки оташнишонону хадамотҳои ҳамоҳангсозии ноҳия омодаанд, ки дар ҳар маврид ҳодисаҳои фавқулодда, аз ҷумла сӯхторро ба зудӣ ва дар масоҳати аввалааш бартараф намоянд.
Қобили қайд аст, ки дар интиҳои машқҳои муштараки доир гардида, аз тарафи роҳбарияти Сарраёсат ва сарварони иншоотҳои номбурда, ба иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ Ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарони иншоотҳои мазкур роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ барои мунтазам ва дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои зиддисӯхторӣ, ки барои пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш ниҳоят муҳим мебошанд, изҳори сипос карда шуд.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика