Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

1240

Дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод, сардорони шуъбаҳои дастгоҳи марказии Раёсат ва дигар масъулони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилоят ширкат намуданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ профессор Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ дар баромади худ ҷиҳати дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша кард.
Зикр гардид, ки мақомоти милитсия ва сохторҳои он рукни устувори давлатдорӣ, кафили суботи комили миллӣ ва сипари боэътимоди давлату миллат маҳсуб мешавад. Дар ҷараёни пуртаззоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бархурди тамаддунҳо аз кормандони мақомоти милитсия ҳушёрию зиракии сиёсиро талаб менамояд. Барои ҳамкориҳои судманди Мақомоти корҳои дохилӣ бо ин боргоҳи илму маърифат ба роҳбарияти ВКД ва РВКД дар ВМКБ изҳори сипос баён намуд.

12411242

Сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод нукоте, ки дар Паёми солонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сиёсати давлатии чавонон баён гардиданд, изҳори назар намуд. Гуфта шуд, ки сиёсати чавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонони кишвар ҷиҳати аз худ намудани илми замон, технологияи муосир, иштирок дар чорабиниҳои сатҳи давлативу берун аз он имконияти бештареро фароҳам сохт. Имрӯз ҳар як ҷавони худогоҳ дар дилхоҳ донишгоҳу донишкадаҳо таҳсили илм намуда, дар баробари он дар ҳамаи самтҳои ҳаётан ҷомеа ва давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон кору фаъолият намуда истодаанд. Бо вуҷуди ҳамаи ин дастовардҳо имсол дар Паёми навбатии Пешвои миллат боз як озмуни ҷадид таҳти унвони «Илм фурӯғи маърифат», ки ба вусъат додани илмҳои дақиқ миёни наврасону ҷавонон, омӯзгорон ва олимон мусоидат менамояд, рӯи кор оварда шуд. Аз хусуси қабули як қатор барномаҳои давлатӣ, стратегия ва кансепсияҳо, ки ба ҳавасмандгардонӣ, стипендияи президентӣ, гранти президентӣ, ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ, грантҳои ҳукуматӣ ва амсоли инҳо, ки барои табақаи ҷавонони лаёқатманд ихтисос дода шудаанд, маълумот манзур кард.
Дар баробари дастовардҳо инчунин оиди содир шудани ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткорӣ аз ҷониби бархе аз ҷавонон, ки фирефтаи доми шахсони манфиатҷӯ мегардаданд, аз масъалаҳои доғи рӯз унвон намуд. Мавсуф кайд дошт, ки давоми соли 2020-ум аз ҷониби ноболиғон дар маҷмӯъ 19 ҳолати ҷиноят ва дар семоҳаи аввали соли 2021-ум 2 амали ҷинояткорона ба қайд гирифта шудааст. Аз тарафи ҷавонон бошад, давоми соли 2020-ум 58 ҳолати ҷиноят ва дар 3 моҳаи аввали соли 2021-ум 7 ҷиноят содир гардидааст. Нисбати чунин шахсон аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ чораҳои қонунӣ андешида шуданд.
Боиси хушнудист, ки беш аз 60 фоизи даъватшавандагонро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз ҳудуди вилоят донишҷӯёни ватандӯсти донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба таври худихтиёрона ташкил доданд. Ин иқдом боиси таҳсину офарин буда, аз баланд будани ҳисси худшиносӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонони «Боми ҷаҳон» дарак медиҳад. Ҳадаф аз доир намудани чунин вохӯрӣ ва суҳбатҳои судманд бо табақаи ҷавонон, ин ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, даст задан ба ҳар гуна амалҳои зишт ва бедор намудани хисси ватандорӣ дар замири ҳар як насли ояндасоз мебошад.
Дар идомаи суҳбат аз аҳли толор даъват намуд, ки дар таълиму тарбияи қишри осебпазири ҷомеа саҳмгузорӣ намуда, мунтазам бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории ҳамаҷонибаро ба роҳ монанд.

12431244

Донишҷӯён зимни суханронӣ изҳори миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат, ки сиёсати давлатии ҷавононро дар мадди назари хеш қарор дода, барои онҳо шароити созгорро муҳайё намудааст, баён доштанд.
Сипас ҷавонони фаъоле, ки дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва берун аз он фаъолонона ширкат меаварзанд, барои сӯҳбати озод ва таъкидҳои дарҷгардида ба сардори РВКД дар ВМКБ изҳори сипос намуданд.
Дар фарҷом барои ҳамкории судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ, саҳми арзанда гузоштан дар ҷодаи маърифат, тарғиб намудани ҷавонон ба ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, инчунин вобаста ба иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сипосномаи сардори РВКД дар ВМКБ ректори ДДХ Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ қадрдонӣ шуд.
Ҳамзамон устодони донишгоҳ бо туҳфаҳои арзишнок ва донишҷӯёни фаъол бо мукофоти пулӣ дар вазъияти тантанавӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Далер Чоршанбе, майори милитсия.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика