Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарғиби илму донишомӯзӣ миёни донишҷӯён

1239

Дар чорабинии мақсадноке, ки дар Донишгоҳи давлатии Данғара гузаронида шуд, масъулини шуъбаи ҷавонони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони (РОПҲНҶ) ВКД иштирок намуданд. Тавре натиҷаи ин тадбирандешӣ нишон дод, давомоти таҳсил ва қоидаҳои омадурафт ба дарс, инчунин тарзи либоспӯшии донишҷӯёни ин мактаби олӣ ба талабот ҷавобгӯ мебошанд.
Дар суҳбат бо маъмурияти донишгоҳи мазкур, ки пас аз анҷоми чорабинии мақсаднок сурат гирифт, оид ба масъалаҳои вобаста ба оқибатҳои кӯтоҳандешии баъзе ҷавонон, сабабу омилҳои ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ пайвастани онҳо, хатари терроризму экстремизм дар замони имрӯз ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ изҳори назар карда шуд.
Ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён, масъалаи таълиму тарбияи онҳо ва сатҳи маърифату фарҳанги ҳуқуқии донишҷӯён дахл намуда, зикр карда шуд, ки ҷавонон бояд аз ҳар лаҳзаи донишҷӯӣ истифода бурда, кӯшиш ба харҷ диҳанд то илмҳои замон ва забонҳои хориҷиро аз худ созанд.
Тавре зикр карда шуд, маъмурияти донишгоҳи мазкур бояд дар робитаи зич бо волидони донишҷӯён қарор дошта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораҳои дахлдор бояд пеши роҳи ҳама гуна амалҳои хилофи қонун гирифта шаванд.
Зимни ин чорабинии мақсаднок ва вохӯрӣ бо донишҷӯёни донишгоҳи мазкур кормандони милитсия оид ба паҳлуҳои гуногуни Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои марбутаи соҳаи маориф ва касбомӯзӣ андешаронӣ карда, изҳор намуданд, ки амалисозии талаботи ин қонунҳо боиси боз ҳам хубтару беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия дар мактабҳои олӣ ва ҳам дониши донишҷӯён мешаванд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Донишгоҳи давлатии Данғара, аз ҷумлаи мактабҳои олии навтаъсиси кишвар мебошад, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013 дар заминаи Филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара таъсис дода шудааст.

Абдулло ШОҲИЁН,
нозири калони гурӯҳи матбуотии РОПҲНҶ ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика