Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон дар маркази диққат

1238

Пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризму экстремизм ва андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати тақвият додани таъмини бехатарӣ аз масъалаҳое буданд, ки зимни вохӯрии кормандони милитсия бо маъмурият ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон воқеъ дар ноҳияи Данғара мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бояд гуфт, ҳангоми гузаронидани чорабинии мақсадноке, ки қабл аз ин вохӯрӣ дар донишгоҳи мазкур баргузор шуд, ҳолатҳои ба дарс омадани донишҷӯён, роҳ надодан ба истифодаи телефонҳои мобиливу мошинҳои шахсӣ аз ҷониби донишҷӯён, риояи тартибу интизом ва қоидаҳои таҳсилу либоспӯшӣ дар донишгоҳ мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор дода шуданд.
Сипас, дар вохӯрӣ бо роҳбарият ва ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон кормандони шуъбаи ҷавонони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони (РОПҲНҶ) ВКД иштирок намуда, бобати мавзӯъҳои доғи рӯз ибрози андеша карданд.
Дар ин ҷамъомад кормандони милитсия доир ба масъалаҳои доғи рӯз, пешгирии ҳолатҳои шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ, риоя кардани тамоми қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла тозагиву гигиенаи шахсӣ андешаронӣ намуда, зикр карданд, ки ҷавонон, пеш аз ҳама донишҷӯён бояд дар омӯзиши илм ва азхуд намудани донишҳои замонавӣ ҳисси баланди масъулиятшиносӣ зоҳир намуда, кӯшиш намоянд, ки тамоми талаботи таҳсил дар муассисаҳои олии таълимиро риояву иҷро кунанд.
Тавре зикр гардид, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Данғара корҳои ободонӣ вусъати тоза пайдо карда, симои марказу деҳоти ноҳия торафт дигаргун шуда истодааст. Ва боиси ифтихору дастгирист, ки дар чунин корҳои ободонию созандагӣ ҷавонони кишвар саҳми назаррас доранд.
Мавриди зикр аст, ки ин муассисаи олии таълимӣ яке аз муассисаҳои навтаъсиси ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Бо шарофати саъю кӯшиши маъмурияти ин донишгоҳ қоидаҳои таълиму тадрис дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, тамоми талаботҳои таҳсил дар мактабҳои олии кишвар дар ин ҷо риояву иҷро мешаванд.
Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳам аз ҷиҳати сифати таълиму тарбия, дониши донишҷӯён ва ҳам аз ҷиҳати риояи талаботҳои марбутаи соҳаҳои маорифу тандурустӣ намунавӣ мебошад. Воқеан, намуди зоҳирии донишҷӯёни ин донишгоҳ, риояи қоидаҳои либоспӯшӣ ва иштироки онҳо дар дарсҳо шоистаи таҳсин аст. Ҳамчунин, тозаву озода будани саҳни донишгоҳ ва бо овезаҳои гуногун оро додани дохили бинои он боз ҳусни дигар зам намудааст.
Дар фарҷоми вохӯрии кормандони милитсия бо устодону донишҷӯён, вобаста ба мавзӯъҳои баррасишуда табодули афкор сурат гирифт. Тавре масъулини ин муассисаи олии таълимӣ иброз намуданд, баргузории чунин чорабиниҳо аз ҳар ҷиҳат барои ҷаҳонбинии ҷавонон судманд буда, минбаъд низ кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки чунин суҳбату вохӯриҳо бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваста гузаронида шаванд.

Абдулло ШОҲИЁН,
нозири калони гурӯҳи матбуотии РОПҲНҶ ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика