Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатлон: Сайқал додани донишҳои ҳуқуқии кормандзанони милитсия

1222

Кормандзанони милитсия дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ рисолати нигоҳдорандаи фарҳанг, забон, урфу одат ва анъанаҳо, рисолати ҳифзкунандаи муқаддасоти оила ва тарбияи фарзанд, вазифаи сулҳпарвариро иҷро карда, дар кору фаъолияти ҷамъиятию давлатӣ дар баробари мардон саҳми сазовор доранд.
Бо ташаббуси роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ташкилоти ҷамъиятии «Ҷаҳон», бо ҷалби 20-нафар кормандзанони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо дар вилоят ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Шӯрои занони ВКД дар мавзӯи «Сайқал додани донишҳои ҳуқуқии кормандзанони милитсия», аз рӯзи 12 то 13 апрели соли 2021 дар шаҳри Бохтар мизи мудаввар доир гардид.

122312241225

Дар мизи мудаввар намояндагон, Раиси Шӯрои занони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Хушвахтзода Бибихол Ғафур, ҳамоҳангсози лоиҳаи «Устувории ҳамкории милитсия бо ҷомеа» Мирзоева Зуҳро, мушовири Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимӣ Марҳабо ва коршинос оида ба масъалаҳои гендерӣ Шамъигул Аминова, ширкат доштанд.
Раиси Шӯрои занони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Хушвахтзода Бибихол Ғафур, зимни суханронии худ қайд намуд, ки Тоҷикистон дар байни дигар давлатҳои дунё яке аз аввалинҳо шуда, Конвенсияи байналхалқиро «Дар бораи барҳам додани ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати зан», «Оид ба ҳуқуқи сиёсии занон», «Ҳуқуқҳои кӯдак» ба тасвиб расонидааст ва баҳри дар амал татбиқ сохтани қонунҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқ ва амалӣ намудани «Қонун дар бораи баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа» бо назардошти салоҳиятнокӣ ва сифатҳои касбию кордонӣ занону духтарони лаёқатмандро ба вазифаҳои масъул ҷалб намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур тадбирҳои амалиро тақвият бахшида истодаанд.
Мушовири Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимӣ Марҳабо, оид ба барномаҳои амалкунандаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, дарки мафҳум ва озодиҳои зан, муайян намудани мушкилоти занон бо истифода аз усулҳои муосир, дарки мафҳуми гендер ва сиёсати гендерӣ, сарварии занон дар ҷомеаҳо ва доираҳои мардсолорӣ, роҳҳои пешгирӣ аз маҳву поймол гардидани ҳуқуқҳои инсон, бахусус занон суханронӣ намуда, қайд кард, ки фаъолияти занон дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ва баланд бардоштани мақоми онҳо ниҳоят муҳим мебошад.
Маърӯзачиён дар рафти мизи мудаввар таъкид ба амал оварданд, ки моро мебояд, ҷонибдорӣ аз қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон намуда, барои баланд бардоштани сатҳи савияи донишҳои ҳуқуқии кормандзанон кӯшиш ба харҷ диҳем.
Инчунин дар рафти семинари омӯзишӣ мавзӯҳои оиди механизмҳо ва роҳҳои муосири пешгирӣ аз зуроварӣ дар оила, зуроварии хонаводагӣ ва намудҳои он, Конвенсияҳои байналмилалӣ ва санадҳои меъёрӣ оид ба ҳуқуқи занон, санъати сухан ва маҳорату малакаи суханварӣ дар назди ҷомеа, баррасӣ карда шуданд, ки баҳри амалӣ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои Шӯрои занон, ки барои боз ҳам хубтару беҳтар гардидани касбияти кормандзанон равона гардидааст.

122612271229

Баргузории чунин мизи мудаввар ҳам аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ басо муҳим буда, барои бартараф намудан ва ҳалли мушкилотҳои ҷоидошта мусоид менамояд.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика