Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии ҳамоҳангсозӣ бо Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар якҷоягӣ бо РВКД дар вилояти Хатлон

1823

Рӯзи 7-уми апрели соли 2021 бо дастгирии ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар» (Сейферволд), вохӯрии ҳамоҳангсозии аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ва Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди РВКД дар вилояти Хатлон ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мавзӯи “Самти рушди ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва мубодилаи таҷриба байни шӯроҳои ҷамъиятӣ“, баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, ташкилоти байналмилалии “Сейферволд” дар шаҳри Бохтар, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, Ҳукумати вилоят, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва ВАО иштирок намуданд.
Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД дар вилояти Хатлон Шоназаров Лоҳутӣ оғоз бахшида иброз дошт, ки вохӯрии мазкур мулоқотест, ки ҳар семоҳа бо иштироки аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар доираи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 баргузор карда мешавад.
Ҳадафи асосии баргузории чорабинии мазкур мубодилаи иттиллот байни Вазорати корҳои дохил ва Шӯроҳои ҷамъиятӣ, расонидани таклифу мулоҳизаҳое, ки аз ҷониби аҳолӣ барои беҳтар кардани ҳамкории ҷомеа бо милитсия ва самаранокии фаъолияти онҳо дар шаҳру ноҳияҳо иброз гардидаанд, мебошад. Инчунин ҳамоҳангсозии фаъолият, тақсимоти захираҳо байни институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолон, ки барои амалӣ гаштани ислоҳоти милитсия ҷудо шудаанд.
Сардори ШҲТҶ Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Файзуллозода Амрулло Нурулло дар мавзӯи “Густариш ёфтани ҳамкории милитсия бо аҳолӣ” суханронӣ намуда, қайд кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» муайян менамояд, ки фаъолияти милитсия бар принсипҳои «алоқаи давомдор бо аҳолӣ ва ба ҳисоб гирифтани афкори ҷомеа дар мубориза бо ҷинояткорӣ» асос меёбад ва робитаву ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳли ҷомеа дар пешгирӣ намудани ҷинояту чинояткорӣ муҳим арзёбӣ гашта, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баҳри боз тақвият бахшидани кор дар ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудааст.
Ҳадаф аз тадбиқи ислоҳоти милитсия ин ҳамкории боз ҳам зич бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад.

182418251826

Аз ҷониби иштирокдорон тавсия дода шуд, ки нозирони минтақавӣ ҳамеша бо аҳолӣ дар тамос бошанд, зеро тақвияти ҳамкорӣ бо аҳолӣ, ҳалли мушкилот, пешгирии ҷиноят ва боварии мардумро ба милитсия афзун менамояд.
Дар қисмати музокирот роҳбарон ва аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои Кушониён, Ҷайҳун, Қубодиён, Панҷ ва шаҳри Норак ҷиҳати боз ҳам равнақ бахшидани фаъолияти муштарак бо милитсия таклифу пешниҳодҳо намуданд.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика